- Ҳамаи инро шумо баҳри тасаллои дили банда гуфта истодаед ва ё дар асл чунин аст?
- Бубахшед, ман ҳозир, - гўён соҳибхона дубора бандаро сари андешаҳоям танҳо гузошта, аз меҳмонхона бадар рафт.
Ман хостам бархеста, аз ҷевони китобҳо китоберо ба даст гирам, вале ҳамоно фикре ба сарам омаду аз ин амал худдорӣ намудам, чунки як амали беҷо ҳам метавонист шубҳаи соҳибхонаро дар атрофи меҳмони нохонда ва ба замми ин ниҳоят кунҷков зиёд намояд.
Соҳибхона як дарза (кип) коғазу албомҳоро бардошта, вориди меҳмонхона шуд ва ҳамаи онҳоро болои мизи пастаке, ки дар гӯшаи дигари он хонаи бе ин ҳам сард меистод, гузошт. - Дар ин ҷо баъзе аз аксҳои ба наворгирифтаи банда ва ман ҳатто чанд нафареро, ки баъдтар тарҳсози намоён гаштаанд, муаррифӣ намудаам. Агар хоҳед, марҳамат тамошо кунед, ман бошам як чой мемонам.
- Ман сари субҳ чой нўшида омадам, хоҳиш мекунам ташвиш накашед.
- Чой бо чой ҷанг намекунад, ба замми ин ман худам ҳанўз чой нанўшидам.
- Чӣ илоҷ, модоме ки шумо худро ташвиш додан мехоҳед.
- Меҳмон атои худост, - гўён соҳибхона боз маро танҳо гузошт.
Бандаро ба ҷуз аз ҷой бархоставу ба сари он мизи пастак рафтан дигар чорае набуд ва ин амалро ман бо як дилгармие иҷро намудам.
Аввал ду албоми расмҳоро варақ задам. Аслан расмҳо манзаравӣ буданд ва дар фаслҳои гуногуни сол аксбардорӣ шуда. Дар он аксар симои бонувони гуногун, ки муаррифгари фаслҳои сол ва манзараҳои мухталиф буданд, дида мешуд, вале банда ба хулосае омадам, ки ин анҷоми дастовардҳои ин аксбардорӣ аз кор рондашуда нест.
Аҷибаш он буд, ки аз садҳо акси дар албомҳо буда ман ягон нафарро нашинохтам. Сипас рўзномаи русиеро ба даст гирифтам ва хостам бифаҳмам, ки он бо рўзноманигори суратгири мо чӣ иртиботе дорад ва чаро соҳибхона ўро ба мадди назари банда гузоштан хост.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




