- Он кас дар бозори “Корвон” кор мекунанд, шояд шумо боз шиноси дигаре низ бо ин ном доред?
- Не, бо чунин ном ман фақат ҳамон касро мешиносам, вале ба фикрам, ин чандон муҳим ҳам нест. Акнун гӯшам ба шумо.
- Ба ростӣ, аз куҷо сар карданамро намедонам. Ба ҳар ҳол метарсам, ки бо шунидани суханони ман бандаро девона напиндоред.
- Аз рўи касби хеш мо ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳем, ки суханони шунида ва амалҳои дидаамон аз байни ҳамин чор девор берун нашаванд ё соддатар карда гўем, агар зарур бошад, мо ҳам кар ҳастем ва ҳам кӯр, ҳарчанд бо ҳама ин норасоии хеш зебогиро қадр менамоем.
- Беҳуда Рафоатбону маро ба назди шумо нафиристода будааст ва рафту корҳоям омад кунанд, банда на танҳо аз шумо, балки аз вай ҳам як умр миннатпазир хоҳам буд.
- Гӯш мекунам.
- Аз дори дунё бандаро як духтарча ҳаст. Нав ба понздаҳ қадам ниҳода ва аз хурдиаш орзуи модел шудан дорад. Чун ў фарзанди ягона буд, шояд мо ҳам дар тарбияаш ба хатогие роҳ додем ва акнун, ки ў модел шуданист, мо каме ҳам бошад ба таҳлука афтодем ва ду руз пеш дар ин бора ҳамроҳи модараш фикри хешро баён намудем. Ин суханон чунон акси садо доданд, ки Нозанин (духтарамонро чунин ном аст) қариб ба худкушӣ даст зада буд…
- Бо ин амалатон шубҳаи бандаро зиёд мекунед.
- Чӣ хел шубҳа? - гуфтам ман, каме ҳам бошад ба таҳлука афтода.
- Дар нигоҳ худро зебопараст гирифтану дар асл ҷаҳолатро пуштибонӣ намудан чандон хуб нест.
“Хайрият чизеро пайхас накард,” аз дил гузарондам ман ва бо овози шунаво гуфтам: - Шояд ҳамаи инро сабаб он аст, ки мо дар Шарқ тарбия ёфтаем.
- Зебоипарастӣ сарҳад надорад ва бояд эътироф намуд, ки дар ҳусну малоҳат духтарони Шарқ як сару гардан аз ғарбиён болотаранд. Аз ҳамин хотир имрўзҳо аксарияти мамолики пешқадами ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки маҳсулоти корхонаи онҳоро чун реклама духтари Шарқ ба мадди назари харидорон гузорад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




