- Марҳамат, гуфт соҳибхона ва мо аз болои роҳрави бетонӣ, ки то пеши хона мерафт, боз бист - биступанҷ қадам гузошта, пой ба остона гузоштем.
Соҳибхона дари аввалро аз тарафи чап кушода, бандаро ба меҳмонхона таклиф намуд ва курсии мулоимеро нишон дода гуфт, ки “ман ҳозир.” Аввалин чизе, ки таваҷҷуҳи бандаро бедор намуд, ин ду аппарати суратгирии ҳозиразамон буданд, ки объективи наздикоранда доштанд.
Албатта, бо маоши рўзноманигорӣ харидани чунин асбобҳои ҳозиразамон ғайриимкон буд ва ман ба хулосае омадам, ки суратгирӣ аз кор ронда даромади бад надорад.
Ҳарду асбоби аксбардорӣ дар болои ҷевони китобҳо, ки аксарашон мавзўи зебогию аксбардориро дар бар мегирифтанд гузошта шуда буданд. Дар шафати ҷевон чанд акси манзаравӣ, ки бонувони зебо дар оғӯши табиат нафаси озод мекашиданд, овехта шуда буд ва аҷаб набуд, ки соҳибхона ҳам бандаро супоришдиҳандаи чунин аксҳо напиндошта бошад. Ба ҳар ҳол “илоҷи воқеа пеш аз вуқўъ”- гўён ман аз паҳлуи ҷевон ва он расмҳои зебо гузашта, ба ҳамон курсии мулоиме, ки соҳибхона бароям нишон дода буд, нишастам. Аз ҷойи нишастанам он манзараҳои бо зебосанамон аксбардоришуда дар рӯшноии чароғакҳои барқӣ зеботар ба чашм мерасид…
Дар ҳоле ки ман нигоҳи хешро аз он аксҳои зебо наканда будам, соҳибхона ҳам омад. Чун ў тағйири либос намуда буд, дар чашми банда хеле босалобат намуд. Мардумон беҳуда намегуфтанд, ки “хонаю палос ва одаму либос”. Ў нигоҳи бандаро ба аксҳои хеш дида гуфт: - Мебинам, ки шумо ба санъат таваҷҷуҳи зиёде доред ё гапам нодуруст?
- Зебогиро кӣ парастиш намекунад? - гуфтам ман.
- Албатта, на ҳар кас ба қадри зебогӣ мерасад, вале мебинам, ки шумо чун худи банда зебопарастед.
- Миннатпазирам.
- Истед, ки чӣ тавр шумо ин кулбаи фақиронаи бандаро ёфтед? Ман ҳар қадар фикр намудам, вале ба ёд оварда натавонистам, ки суроғаи хешро ба апаи Рафоат гуфта бошам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




