Баъди ним соат ман боз пой ба кӯчаи Сафедорон гузоштам ва чун ин даъфа мақсаду мароми дигаре бандаро дар пеш буд, аз аввали кӯча ба суроғи суратгирӣ аз кор рондашуда камар бастам. Танҳо нафари ҳаштуме, ки ман дар бораи Алихони суратгир пурсон шудам, ба саволам посух гуфт: - Ҳавлии рақами 177.
Ҳавлии мазкур дар самти чапи кӯча ҷойгир буд, ҳавлии дирўза бошад, дар самти рости кӯча воқеъ гардида. Масофаи ин ду ҳавлӣ бештар аз дусад-дусаду панҷоҳ метрро ташкил медод.
Дарвозаи ҳавлие, ки дар болояш рақами 177 навишта шуда буд, дар нисбати дарвозаи дирўза хеле одию хоксорона ба назар мерасид. Ҳарчанд банда гирду атрофи онро аз назар гузаронидам, ҳатто тугмачаи зангро ҳам надидам. Ноилоҷ ба дарвоза ангушт задам ва аз пушти дарвоза посбони ҳавлӣ бо ак-аки хеш қариб кӯчаро ба сар хезонд. Баъди тахминан як дақиқа ҷавонмарди бистуҳашт-сисолае дарвозаро каме кушода, матлаби бандаро фаҳмидан хост.
-Маро ба назди шумо Рафоати Муҳаммад фиристод, - ҳатто худро муаррифӣ накарда гуфтам ман.
- Марҳамат, ба хона дароед, - гуфт ў ва ман бе ягон душворӣ вориди ҳавлӣ шудам…
- Бубахшед, агар шуморо нороҳат сохта бошам.
- Худро сарзаниш накунед, албатта, шуморо коре пеш омада ва ба суроғи мо омадаед.
- Инаш рост.
- Дар санҷаки дар истодан суҳбат намудан аз рўи одоб нест. Марҳамат ба хона гузаред, ҳарчанд банда нав аз хоб хестааму омодаи қабули меҳмон нестам.
- Мо метавонем ҳамин ҷо ҳам суҳбат намоем.
- Не, беҳтараш, ба меҳмонхона дароед, ин беҳтар аз он аст, ки мо ин ҷо суҳбат намоем.
- Ман кӯшиш мекунам, ки вақти қимати шуморо бисёр нагирам.





