То хона боз се истгоҳ роҳ буд, вале ман дигар интизори омадани нақлиёти шаҳрӣ нашуда, ба самти ғарб қадам задам.
Дар ҳодисаи мазкур чун дар ҳама ҳодисаҳои ба он монанд моро лозим буд, ки аз куҷо ҷӯш задани чашмаро ба ёд биёрем.
Сипас, аз поёноб то худи сарчашма қад-қади руд рафтанамон лозим меомад ва боқӣ ҳамаашро худи вақт ҳал мекард.
Ҳодисаи ба фурудгоҳ ҳозир нашудани Нодир Замон ҳазору як фикрҳои ботилу мухталиферо ба ёди ман меовард ва роҳравон банда кӯшиш ба харҷ медодам, ки пайвастагиеро дар муносибати тоҷиру суратгир дарёбам. Ҳарчанд ҳанўз маро далеле дар даст набуд, вале ба андешаи банда сарчашмаи ҳамаи ин ҳодисаҳо аз худи Дубай, аз шаҳре, ки мо ба ҷуз номашу он меҳмонхонаи ба сафина монанди “ал Араб,” ки дар кулли сайёраи Замин зеботарину боҳашаматтарин ҳисоб мешуд, маҷро мегирифт…
Афсўс ки рӯди аз ин сарчашма маҷро гирифта дар худи биёбонҳои араб хушкида буд, дигар моро имконияти қад-қади рӯд то ба он расидан набуд.
Парисо нияти як не, балки даҳ шайхро ба ҷар партофтан дошт, ваде худ аз он баландӣ сарозер ба ҷар рафт ва дигар барнахест. Мардони пир ё пешвоёни руҳонии маркази тиҷоратии Осиё агар аксҳои ба “озмун” фиристодаи вайро дида бошанд, то қиёмат орзуи диданашро аз дил берун нахоҳанд кард… Бо ҳамин фикру андешаҳо ман дари манзили хешро, ки сарчашмаи зиндагиам буд, боз намудам…
...20...
Сари субҳ ҳангоми аз хона баромадан лаҳзае дар рў ба рўи тақвими сол таваққуф намудам. Далер чаҳоркунҷаи ҳаракаткунандаи тақвимро болои рақами “30” ҷо ба ҷо намуда буд. Хати буриши рақами мазкур ба рўзи панҷшанбеи ҳафта рост меомад. Ақрабаки соати пушти дар ба ҳашти субҳ наздик мешуд ва ман ин дафъа худи вақтро ба мизони хотирам гузоштам. Аз лаҳзаи содиршавии ҷиноят аз рўй хулосаи ташхиси тибби судӣ (ҷиноят тахминан соатҳои 2145-2215 дақиқаи рўзи шанбеи 25 январ рух дода буд) расо яксаду шаш соат сипарӣ шуда бошад ҳам, вале мо то кунун нӯги риштаиин гиреҳро дар даст надоштем. То оғози моҳи нав боз чил соат вақт буд, вале ба гумон буд, ки тайи ин муддат ҳам анҷоми коре ба мо даст диҳад.





