рақами 1 воқеъ буд, бурдаву меовард ва аниқ буд, ки он мард на муҳаррир буду на муовини вай.37
- Намедонам, ҳоло ки ҳама корҳо компютеризатсия шудаанд, ба нашриёт танҳо маводи тайёрро меоранд ва ҳоҷат ба чанд бор бурдану овардани саҳфаи рўзнома нест.
Дигар ба корманди милиса баҳо намудан маъние надошт ва ман аз зинаҳо ба самти ошёнаи боло баромадам. - Хуш, ба суоли хеш посух гирифтед? - пурсид мўйсафеди пеши дар.
- Ҳам ҳа ва ҳам не.
- Панҷоҳ дар панҷоҳ гўед.
- Дурурсттараш сӣ дар ҳафтод.
- Боке нест, аминам, ки фардо он ҳафтод фоизаш ҳам ҳалли хешро хоҳад ёфт.
- Ташаккур, амак! - гўён ман ба вай шаби хуш орзу намуда, дари шишагини дуқабатаи нашриётро убур намуда ба берун баромадам.
Мусоҳибе, ки банда ўро дар лифт то ошёнаи даҳуми бино ҳамроҳӣ намудам, ба як сухани хеш маро ба гирдоби андешаҳо партофт: “Дар ошёнаи ҳаштум Меҳрафрўз ном духтаре кор мекунад, ки ба фикрам, ў низ дар ҳамон кӯча зиндагӣ мекунад. - Дар кадом кӯча?
- Дар кӯчаи Сафедорон.” Маҳз ҳамин ном боиси андеша буд, чунки Нодир Замон ҳам дар ҳамин кӯча зиндагӣ мекард ва ин ду дўстро чӣ асроре дар байн буд, баҳри мо то кунун муаммои сарбастаеро мемонд.
Вақте ман ба истгоҳи рў ба рўи бинои Сирки тоҷик омадам, ақрабаки соат ба бистуяк наздик мешуд. Чун то кӯчаи Сафедорон рафтан на камтар аз ним соат роҳ буд, ба хулосае омадам, ки ба ҷуз интизор шудан то фардо бандаро чорае нест.
Бинобар ин, ман аз истгоҳ ба Воҳид Камол занг зада, ўро дар ин бора огоҳ намудам. - Майлаш, ба хона рав ва сари субҳ рост ба кӯчаи Сафедорон, - гуфт Воҳид Камол дигар имконияти ба ман ҳарфе заданро надода гӯшакро ба ҷояш гузошт…
37 Шоир Абдулло Дўсти Хоксорӣ дар назар аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




