- Дар кадом кӯча?
- Дар кӯчаи Сафедорон.
- Оё шумо гуфта наметавонед, ки чаро Алихон аз ин ҷо рафт?
-Аниқашро намедонам, вале овозаҳо дар атрофии моҷарои ба сари ў омада гуногунанд.
Лифт бозистод. - Хуш монед, - гўён мусоҳиби банда пой ба беруни лифт гузошт.
Лаҳзае пас ман боз аз ошёнаи даҳум ба поён омадам ва чун тугмачаи рақами якро пахш намудам, лифт бандаро ба таҳхона овард ва ман бе монеа вориди нашриёт шудам. Садои мошинҳои чопӣ корхонаҳои азими саноатиро ба ёд меовард.
Дар даромадгоҳи толори калон милитсионер бандаро боздошта, ҳуҷҷат пурсид ва ҳарчанд ман шаҳодатномаи хизматиамро нишон додам, вале ў баҳри гузаштани ман рухсат надод. Ман чун фаҳмидам, ки ў масъулияти касби хешро дарк мекунад, ҳатто хурсанд шудам. Ба ҳар ҳол дар ҳамон ҷо матлаби хешро ба ў баён намуда, аз вай ёрӣ хостам. - Не, намешиносам.
- Ў суратгир буд. Алихони суратгир, наход нашиносед?
- Аслан дар ин ҷо мо бо муҳаррирон ва муовинони онҳо сару кор дорем ва бе имзои мубораки муҳаррир ҳадди кист, ки расмеро рўи чоп биёрад.
- Яъне, ки суратгирҳоро дар ин ҷо коре нест?
- Нест, ин ҷо танҳо бо шахсиятҳои аввали рўзномаю маҷаллаҳо сару кор доранд.
- Ба андешаҳои шумо розӣ шуда наметавонем, рафиқ сержанти калон.
- Чаро?
- Ҳарчанд банда бо матбуот чандон сару коре надорам, вале ҳангоми донишҷўӣ ман ҳамеша як мардеро медидам, ки саҳфаи нотамоми рўзномаро дар як рўз чанд маротиба аз собиқ кучаи Орҷоникидзе ба кӯчаи Свириденко, ки матбааи

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




