Мўйсафеди пеши дар ба суолам дар бораи кори рӯзноманигорон чунин посух гуфт, ки қариб ҳаштод дар сади ҳамаи рўзномаҳо рӯзи панҷшанбе аз чоп мебароянд ва даву този кормандон низ аз ҳамин хотир аст.
- Оё Алихон ном суратгирро, ки дар кадом як маҷаллаи рангае кор мекунад, мешиносед? - пурсидам аз ҳамон мўйсафед.
- Суратгир мегўед?
- Ҳа, суратгир.
- Не, намешиносам, аслан шумо ана ба он марде, ки дар пеши дари лифт интизори ба боло баромадан аст, муроҷиат намоед.
- Ташаккур, - гўён ба сӯи ҳамон мард ҳаракат намудам, вале нохост дари лифт кушода шуду он мард пой ба остонаи лифт гузошт ва банда, ки то ин лаҳза оҳиста-оҳиста қадам мезадам, каме дасту по хӯрдам ва ба ҳамон тараф суръати қадаммониамро тезтар намудам. Он мард аз ҳаракатҳои банда пай бурд, ки чун худаш нияти ба авҷи осмон баромадан дорам, тугмачаи лифтро зер намуда, интизори расидани ман шуд.
Баробари вориди лифт шудан ба он марди хайрхоҳ, ки вақти қимати хешро дареғ надошта, интизори омадани ман шуд, ташаккур гуфтам. Изҳори сипос намудани банда ба вақте рост омад, ки дари лифт пӯшида шуд. - Шумо аз кадом редаксия? - пурсид мард, ки шояд мехост тугмачаи ошёнаи заруриро баҳри банда пахш намояд.
- Ба ман Алихон лозим.
- Кадом Алихон?
- Алихони суратгир.
- Оё намедонед, ки ў аз ин ҷо рафт?
- Не.
- Шумо ба ў кӣ мешавед?
- Шиносаш.
- Пас чаро ба хонааш нарафтед?
- Ман боре ҳам дар хонааш набудам, бинобар ин ба ин ҷо омадам.
- Ман ҳам дар куҷо зиндагӣ кардани вайро намедонам.
Фардо ба ин ҷо биёед. Дар ошёнаи ҳаштум Меҳрафрўз ном духтаре кор мекунад, ба фикрам, ў низ дар ҳамон кӯча зиндагӣ мекунад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




