Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 315 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 315 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Бо аҳли хонаводааш суҳбат накардед?
  • Худи ҳозир ман аз кӯчаи Сафедорон омадам.
  • Хонааш дар ҳамон ҷост?
  • Бале, дар кӯчаи Сафедорон, 216, ҳамроҳи ҳамсараш зиндагӣ мекунад, вале субҳи имрўз ҳамсараш ба хонаи падару модараш рафтааст.
  • Бо кӣ суҳбат намудед?
  • Бо духтари ҳамсоя.
  • Наврўз Умарович, андешаи шумо?
  • Аз гуфтаҳои Акбар Ҳакимович бармеояд, ки Нодир Замон дар рўзи равшан гум шудааст.
  • Одам – дам, шояд дар роҳ ба ягон фалокате дучор шуда бошад?
  • Агар ҳодисае рух медод, аздусар аз рўи ҳуҷҷатҳои дар ҷайбаш буда ба суроғааш хабар медоданд.
  • Волидонаш дар куҷо зиндагӣ мекунанд?
  • Дар маҳаллаи Сурхоб.
  • Наврўз Умарович, худи ҳамин бегоҳ сари ин масъала рушанӣ андозед!
  • Хуб шудааст, рафиқ полковник!
  • Акбар Ҳакимович, шумо аз пай ёфтани ҳамон суратгир шавед!
  • Итоат!
  • Вай лейтенант куҷост?
  • Соате пеш ў ба пункти такягоҳи тартиботи ҷамъияти рафт, - гуфт Наврўз Умар.
  • Метавонед ўро ҳам бо худ бигиред, - гўён Воҳид Камол ба мо барори кор орзу намуд…
    Вазъи ба вуқӯъомада тақозо мекард, ки мо шиори “кори шаб хандаи рўзро” сарфи назар намоем. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки андешаҳои мо дар атрофи собиқ ҳофизи тӯйгард, ки тиҷоратро пешаи хеш қарор дода буд, чандон некбинона набуданд, ҳарчанд дар ин бора мо каломе ба забон наовардем.
    Дар рў ба рўи нашриёти “Шарқи озод” аз таксӣ бурун омада, роҳро миёнбур намуда, ба сўи бинои чордаҳошёна, ки кулли рӯзномаву маҷаллаҳоро манзил аст, ҳаракат намудам.
    Ҳеҷ гумон надоштам, ки аз се як ҳиссаи рӯзноманигоронро мебинам. Аксари рӯзноманигорон дар байни ошёнаи якум ва таҳхона, ки худи нашриёт воқеъ гардида буд, чун мурчагон дар даву тоз буданд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан