- Ўро ҷеғ намезанед?
- Бибиам роҳ гаштан наметавонад.
- Падарат дар куҷост?
- Дар кор?
- Падару модарат кай бармегарданд?
- Баъди кор.
- Онҳо дар куҷо кор мекунанд?
- Падарам адвокат.
- Модарат чӣ?
- Ў дар фабрикаи ширин кор мекунад.
- Номат чист?
- Гулмоҳ.
- Раъно кай бармегардад?
- Фардо.
- Худаш гуфт?
- Ҳа, сари субҳ ба модарам, гуфт, ки ҳавлиашро нигоҳ кунем. - Фардо худаш бармегардад.
Ман бо мусоҳибам - он духтараки паҳмоқмӯ худоҳофизӣ намуда, ба самти роҳи калон ҳаракат намудам. Чун ба идора баргаштам, Ҷомии Шарифро дар пеши бино дидам, ки нияти ба пункти такягоҳи ҷамъияти рақами 5 рафтан дошт. Ҳарчанд ў шитоб дошт, вале ба ман муяссар шуд, ки ба чанд суоли хеш посух бигирам. Аз суҳбати сарироҳӣ бо нозири минтақавӣ ҳамин қадар фаҳмидам, он домоди ноком, ки ҳавлиаш дар рў ба рўи трансформатор будааст, баъди кафшҳои арӯсашро пеши по мондан хонаашро фурўхта, ба маҳаллаи 82 –юм рафтааст.
Дар ноомади кор атола дандон шиканад…
...19... - Чӣ гуфтед?
- Нодир Замон ба Дубай парвоз накардааст.
- Бо кадом сабаб?
- Ин ҳоло муаммост.
- Манбаи хабар?
- Посухи расмии ширкати «Сомон Айр» ба мактуби прокуратура.
- Шояд бо ягон сабабе ў аз парвоз дер мондааст?
- Рафту агар ў дер мемонд, чиптаашро бозмегардонид.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




