- Қурбони шумо…
- Дар амони худо бошед, - гўён ман ба сўи дар ҳаракат намудам.
- Занг заданро аз хотир набароред…
Ба самти дигари роҳ гузашта, ба автобус нишастам ва баъди бист дақиқа ба кўчаи Сафедорон расидам.
Ҳавлии рақами 216 қариб дар охири кўча воқеъ гардида будааст. Аслан, дар ин маҳалла қариб, ки ҳамаи хонаҳо як ва ё дуошёна буда, деворҳои баланду дарвозаҳои фӯлодин сокинони онро аз чашми роҳгузарон эмин медоштанд. Аз аввал то охири кӯча ман се - чор гурӯҳ бачаҳои хурдсолро вохўрдам, ки машғули бозиҳои хеш буданд. Ҳавлии рақами 216-ро ҳам дарвозаи баланди осмониранге аз чашми бегонагон ҳифз мекард. Банда пушти ҳамин дарвоза, ки рақами болояш муаррифгари он буд, таваққуф намуда нафасамро рост кардам ва сипас даст ба тугмачаи паҳлуи он бурдам, то соҳибхонаро аз омадани хеш воқиф намоям.
Кӯшишҳои банда акси садо доду аз дарвозаи шафат духтараки даҳ - дувоздаҳсолае берун омада, бо нигоҳи пурасрори хеш сар то қадами бандаро палмосид ва ниҳоят овоз рӯшан намуд: - Амакҷон, ба шумо кӣ даркор?
- Соҳибони ҳамин хона.
- Онҳо рафтанд.
- Ба куҷо?
- Апаи Раъно ба хонаи модараш, акои Нодир ба хориҷа.
- Кай?
- Акои Нодир се рўз пеш рафта буд.
- Апаи Раъноят кай рафт?
- Имрўз.
- Хонаи модараш дар куҷост?
-Дар Деҳбаланд. - Деҳбаланд дар куҷост?
- Намедонам.
- Модарат дар куҷост?
- Дар кор.
- Дар хонаатон боз кист?
- Бибиам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




