Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 312 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 312 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Чизе гуфта наметавонам, вале тайи як соли охир ҷуръаи оберо бе ҳам наменӯшанд.
  • Аз гулӯи якдигар об менӯшиданд, гўед.
  • Ҳамааш айнан чунин аст.
  • Бори охирин кай вайро дидед?
  • Алихонро?
  • Ҳа.
  • Ҳафтае пеш ҳамроҳи Нодир ба бозори “Корвон” омада буданд.
  • Баъди парвоз ба Дубай шумо бо Нодир Замон алоқаи телефонӣ доштед?
  • Не.
  • Ҳамсарашро ҳам надидед?
  • Надидам.
    Рафоат протоколи пурсиши шоҳидро, ки дар асоси суханони худаш навишта шуда буд, хонда имзо гузошт ва бо мо худоҳофизӣ намуд.
  • Акбар Ҳакимович, ба фикрам бе суҳбат бо ҳамон суратгир мо ба хулосае омада наметавонем.
  • Сараввал ўро ёфтан лозим.
  • Гумон намекунам, ки ёфтани вай душвориеро ба миён оварад.
  • Ҳоло дар сари ҳар қадам як рўзномаю маҷалла ҳаст.
  • Рафоат гуфт, ки вай дар кадом як маҷаллаи рангае суратгир шуда кор мекардааст. Агар рўзномаҳо ҳафтод фоизро ташкил намоянд, пас сӣ фоизи боқимондаи ВАО - ро ҷустуҷў намудан лозим, вале фикр мекунам, ки маҷаллаҳо аз сӣ фоиз ҳам камтаранд.
  • Фардо ман аз пайи ҳамин кор мешавам.
  • Чаро имрўз не?
  • Чунки имрўз маро корҳои дигаре дар пешанд…
  • Зорӣ дорему зӯрӣ не. Чӣ илоҷ фардо бошад фардо…
  • Бо иҷозаи шумо, гуфта аз ҷой бархестам.
  • Акбар Ҳакимович, агар муайян кардани шахсияти суратгирро ба таъхир андохтан мумкин бошад, вале гумон намекунам, ки …
  • Метавонед осуда бошед. Ман аз ҳамин ҷо рост ба кӯчаи Сафедорон меравам.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан