- Пурсидам, вале посухи аниқе гирифта натавонистам.
- Ба андешаи худи шумо он чӣ қарзе будааст, ки чунин дарозмуддат?
- Намедонам.
- Ба ҷуз он дўконе, ки шумо савдо мекунед, Нодир Замон дар ягон ҷойи дигари шаҳр дўкону мағозаҳои тиҷоратӣ дорад ё не?
- Гуфтам, ки ҳарчанд мо замоне хешу табор будем, вале тайи солҳои охир муносибати мо аз санги соҳилу оби рӯд беш нест.
- Яъне, шумо дар ин бора ягон хабаре надоред?
- Ҳамин хел аст.
- Дар бораи ёру дўстони вай чӣ медонед?
- Дар бораи ёру дўстони Парисо?
- Не, дар бораи ёру дўстони Нодир.
- Алихон ном як дўсти рўзноманигор дошт.
- Суроғааш?
- Ман аз куҷо донам?
- Насабаш?
- Намедонам.
- Пас ўро аз куҷо ёбем?
- Ў суратгир ё рӯзноманигор аст?
- Суратгир ё рўзноманигор?
- Замоне дар кадом як маҷаллаи рангае ба сифати суратгир кору фаъолият доштааст.
- Чаро дар нисбати вай бо замони гузашта сухан мегўед, ё вай дар қайди ҳаёт нест?
- Чунки ўро барои кадом як гуноҳаш аз кор пеш намуданд.
- Ҳоло ў ба чӣ кор машғул аст?
- Аниқашро намедонам, вале аз рўи шунидам ў аз ҳисоби суратгирӣ аҷаб савлате дорад.
- Аз ҳисоби суратгирӣ?
- Ҳа.
- Оё гуфта метавонед, ки фаъолияти вай ба кадом самти соҳаи аксбардорӣ нигаронида шудааст?
- Намедонам.
- Онҳо дўстони деринаанд?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




