Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 310 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 310 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Чӣ хел аҷиб?
  • Чунки занҳо ба ҳама чиз таваҷҷуҳ доранд ва ҳеҷ боварам намеояд, ки баъди он ки худи Парисо луқмаро хоида–хоида ба даҳони шумо гузоштааст, аз фурӯ бурданаш худдорӣ намуда бошед.
  • Шумо инро аз таҷрибаи кориатон мегўед ва ё аз таҷрибаи зиндагӣ? - ба ҷойи ба саволи муфаттиш посух гуфтан Рафоат бо савол муроҷиат намуд.
  • Аз ҳардуяш. Бовар кунед ягон манбаи ахбори махфӣ баҳри мо ҷинсҳои латиф махфияте надорад. Агар чунин набошад, намегўянд, ки “нарху навои бозорро аз духтари хона пурс”.
  • Вале ман шунидаам, ки бояд аз қафои шахси фавтида ё сухани нек гўй, ё аз гуфтани ҳама сухани бад худдорӣ намо.
  • Ҳамааш дуруст, агар шахси фавтида бо марги илоҳӣ ба дорулбақо реҳлат менамуд.
  • Агар теғи олам биҷунбад зи ҷо.
    Набурад рагеро нахоҳад Худо.
  • Шумо бояд фаҳмед, ки моро ба ҷуз дарёфти ҳақиқат дигар фикре дар сар нест ва ҳақиқат на танҳо ба манфиати зиндаҳост, балки метавонад, номи неки нафареро, ки бе асос ҷони хеш аз даст додааст, пос дорад. Бе дарёфти ҳақиқат мо наметавонем қотилро ба маҳкама кашем. Оне ки хуни ноҳақ рехту бе ҷазо монд, аҷаб нест боз қасди ҷони дигаре накунад.
    “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ,”- гуфтаанд. Хоҳиш мекунам маро дуруст фаҳмед.
  • Нодир Замон ҳофиз будаасту Парисо раққосаи вай. Ҳар ду ҳам дар муносибати наздик қарор доштанд. Парисо ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам намеовардааст, ки Нодир ўро фиреб додаву бо дигаре хонадор мешавад. Ин хатои хешро ҳам Нодир фаҳмида буд ва мехост товони зарари расондаашро ҷуброн намояд.
  • Чӣ хел ҷуброн?
  • Намедонам. Парисо мегуфт, ки хешбачаат то қиёмат аз ман халос шуда наметавонад.
  • То қиёмат?
  • Ҳа, то қиёмат.
  • Напурсидед, ки он чӣ гуна қарзест?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан