Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 309 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 309 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Номаш Раъно, насабашро намедонам.
  • Ҳамсараш чикора аст?
  • Намедонам.
  • Гуфтед, ки шумо хешу таборед?
  • Дирўз ҳам ба ҳамин бародар (ў боз бо ангушташ ба сўи ман ишора намуд) гуфта будам, ки замоне мо хешутаборӣ доштем, акнун муносибатамон аз санги соҳилу оби рўд беш нест.
  • Инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
  • Мо чун санги соҳилем ва рафту худи об ба соҳил барояду рўи он санг палмосад чӣ хуб, вагарна худ имконияти ба лаби ҷўй ҳам ғел заданро надорем.
  • Пас ҳамсари ўро аз куҷо медонед?
  • Чанд бор ҳамроҳаш ба дўкон омада буд. Ҳарчанд мо хешу табор ҳам бошем, ў ба тўяш моро ҷеғ назад ва ҳамаи инро сабаб он аст, онҳое, ки соҳиби пулу моланд, худро аз табақаи поёнии ҷамъият, ки худ ҳам замоне шомили он буданд, канор мегиранд.
  • Дар бораи Парисо чӣ гуфта метавонед?
  • Ў инсони бад набуд.
  • Муносибати Нодир Замон бо Парисо чӣ хел буд.
  • Чун муносибати сардор ба зердаст.
  • Оё гуфта метавонед, ки онҳо пеш аз ба дўкон омадани Парисо шинос буданд ё не?
  • Ўро чун шинос ба кор гирифта буд.
  • Дар ин бора худи Парисо ягон маротиба ёдовар нашуд?
  • Парисо духтари камгап буд. Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки ў боре дар зиндагӣ пешпо хӯрда буд.
  • Чӣ хел пешпо?
  • Инашро ман аниқ намедонам, вале ў худ боре шиква бар он бурд, ки аз рўи касби пештар доштааш қимати хешро дар чашми харидорон коҳиш дод.
  • Пас шумо боре ҳам таваҷҷуҳ зоҳир накардед, ки он чӣ касбе будааст?
  • Модарам ҳамеша таъкид карда мегўянд:
  • Рафоат, ба харе ки бор надорӣ, туро чӣ кор? Аз ин рў, банда нисбати рўзгори Парисо таваҷҷуҳе надоштам.
  • Ин хеле аҷиб аст?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан