Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 308 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 308 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ў бояд маблағеро, ки тайи ду рўзи охир аз савдо ба даст омада буд, бо худ мегирифт.
  • Маблағро гирифт?
  • Бале, ман ба ў то тангаи охиринро баргардонидам.
  • Он чӣ қадар маблағ буд?
  • Дусаду бистучаҳор ҳазору ҳаштсад сомонӣ.
  • Шакли додугирифти пул дар байни шумо ва соҳиби бор чӣ тавр ба роҳ монда шудааст?
  • Дар ин бора дафтари воридоту содирот ҳаст ва ҳамаи ашёро аз рўйи нарх бо нишон додани номгӯй ва маблағи онҳо мо ба дафтари воридот сабт менамоем, баргардонидани маблағи он низ дар қисми содиротии дафтар ишора карда мешавад ва оне, ки маблағро мегирад, бо нишон додани таърихи рӯз ва имзои хеш гирифтани онро тасдиқ мекунад.
  • Яъне, шумо собит карда метавонед, ки Нодир Замон ҳамин маблағи гирифтаашро бо нишон додани таърихи рўз ва имзои хеш тасдиқ намудааст.
  • Албатта.
  • Ў аз назди шумо ба куҷо рафт?
  • Гуфт, ки ба фурудгоҳ меравад.
  • Соати чанд аз назди шумо рафт?
  • Баъди шумурдани пулҳо ва дар дафтар навиштани забонхат, тахминан баъди дувоздаҳ понздаҳ дақиқа.
  • Шумо ӯро аз пеши дӯкон гусел намудед?
  • Не.
  • Ў ба кадом самт ҳаракат намуд?
  • Ба тарафи дарвозаи сеюм.
  • Ў бо мошини шахсиаш омада буд ё…
  • Намедонам.
  • Манзили зисташ?
  • Кӯчаи Сафедорон, хонаи 216.
  • Кӯча дар кадом ноҳия?
  • Ноҳияи Сино.
  • Ў ҳамроҳи падару модараш зиндагӣ мекунад?
  • Не, ҳамроҳи ҳамсараш.
  • Фарзанд дорад?
  • Не.
  • Ному насаби ҳамсараш?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан