Чун шахси дар пушти дар буда онро кушод, чашми банда ба ҳамон мусоҳиби дирўзаам афтод, ки аз гирифтани бист сомонӣ даст кашида буд. Эҳтимол ў ҳатто ба гўшаи хотир ҳам наоварда буд, ки бандаро дар прокуратура мебинад ва каме ҳам бошад дасту по хӯрд.
- Мо шуморо интизор, - гуфтам ман, ва оне ки бо даъватнома омада буд, пой ба остонаи дафтари кории муфаттиши прокуратура ниҳода, даъватномаи дар дасташ бударо ба сўй банда дароз намуда гуфт: - Шумо маро ҷеғ задаед?
- Марҳамат, гузашта нишинед, - курсиеро баҳри вай дар рў ба рўи ман нишон дода гуфт муфаттиш.
Чун Рафоат ба курсӣ нишаст, муфаттиш аз ғалладони мизи кориаш протоколи пурсиши шоҳидро берун, оварда, хома ба даст гирифта пурсид: - Ному насаб?
- Рафоати Муҳаммад.
- Соли таваллуд, ҷой таваллуд?
- 15.02.1969, ноҳияи Рӯдакӣ.
- Ҷойи истиқомат?
- Шаҳри Душанбе, кўчаи Абдуллобеков - 45/4, ҳуҷраи 8.
Сипас муфаттиш ўро дар асоси талаботи қонун барои надодан ё додани нишондоди бардурӯғ огоҳ намуда, танҳо баъди гирифтани имзояш матлаби хешро баён кард. - Дирўз ман ҳамаашро ба ҳамин бародар (ў ба тарафи ман ишора намуд) гуфта будам.
- Шумо гуфтед, ки Нодир Замон рўзи 27.01. ба Дубай рафтааст.
- Инкор намекунам.
- Бори охир шумо Нодир Замонро кай дидед?
- Субҳи рўз душанбе.
- Дар куҷо?
- Дар бозор.
- Соати чанд?
- Соати ҳашт. Ў аслан бояд рўзи якшанбе меомад, вале бо кадом сабабе омада натавонист.
- Чӣ сабабе ўро дар он субҳи солеҳон ба бозор овард, ҳол он ки соати 1020 дақиқа вай азми сафари Дубай дошт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




