Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 306 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 306 аз 527 · 2 ноябри 2026

Дигар интизор шудани онҳое, ки ба ҷустуҷўи домоди ноком рафта буданд, маъние надошт. Ҳамин як занги телефонӣ нигоҳи бандаро ба ҳодисаҳои чор шабонарўзи охир 360 дараҷа тағйир доданд.
Ҳарчанд барои хулосабарорӣ ҳоло вақт буд, вале дилам гувоҳӣ медод, ки тафтишотро аз форс мажор роҳи гурез нест.
Дар ошёнаи якум ман навбатдор Хоҷаевро огоҳ намудам, ки ба прокуратура меравам ва аз дар баромадам.

  • Марҳамат, шинос шавед, баробари ба курсӣ нишастан муфаттиши прокуратура варақеро ба дастам дод, ки дар он омада буд:
    “Ба муфаттиши прокуратураи ноҳияи Гулистон, мушовири адлияи дараҷаи сеюм Саодати Назар.
    Ширкати «Сомон Айр» ба номаи шумо таҳти рақами 8/118 аз 28.01 … хабар медиҳад, ки шаҳрванд Нодир Замон рўзи 24 январ барои рўзи 27.01. ба хатсайри Душанбе- Дубай чипта харидорӣ намуда, дар рўзи парвоз ба фурудгоҳ ҳозир нашудааст. Ҳамзамон хабар медиҳем, ки чиптаи мазкур баъди парвози тайёра ба самти Дубай ба кассаҳои фурудгоҳ баргардонида нашудааст.
    И.в.сардори ширкати
    “Сомон Айр”
    Ҳамроев М.А.
  • Хўш, чӣ хел?
  • Ба фикрам форс-мажор шуд.
  • “Форс-мажор”?
  • Бале, акнун корҳои мо аз бад бадтар шуданд.
  • Аҷиб, ки чаро он фурўшанда наомад?
  • Шояд даъватномаатон ба дасташ нарасидааст?
    -Ана ин нусхаи даъватнома, ки Рафоати Муҳаммад имзо намуда гирифтааст, нусхаи даъватномаро баҳри тасдиқи фикраш ба дасти ман дод муфаттиш.
    Ба дар касе ангушт зад…
    -Марҳамат, дароед, - овоз рӯшан намуд муфаттиш.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан