Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 305 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 305 аз 527 · 2 ноябри 2026

Фаҳмидани чунин амал барои онҳое, ки бо роҳи тағобозию додани пора соҳиби мансабу курсии баланд гаштаанд, хеле душвор аст, чунки шиори чунин ашхос “як медиҳию сад мегирӣ” буд ҳаст ва мемонад ва боз ҳастанд палидҳое, ки “обро лой карда, моҳӣ медоранд”, вале ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки имрўз ба Наврўз Умар, ба он фарзанди деҳқон, ки бо донишу маҳорати хеш ба чунин қулла баромада буд, чӣ шуда бошад, ё дар орзуи курсии баланд ў ақли хеш бой дода. Кӣ медонад? Ба ин савол банда ҳам посухе ёфта натавонистам…
Телефон занг заду ман гӯшакро бардоштам.

  • Акбар Ҳакимович.
  • Ҳа, ман.
  • Нодир Замон ба Дубай нарафтааст.
  • Чӣ хел нарафтааст?
  • Ў дар ҳақиқат барои сафар рўзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта чипта харидааст, вале вақту соати парвоз ба фурудгоҳ ҳозир нашудааст.
  • Манбаи ахбор кист?
  • Посухи расмӣ ба мактуби мо аз ширкати “Сомон Айр”
  • Шояд дар ҳуҷҷатгузорӣ ягон хатое шуда бошад?
  • Гумон намекунам.
  • Фӯрушандаи дўконро аз бозори “Корвон” пурсидед?
  • Дирўз барои вай даъватнома фиристодам. Ҳамин лаҳзаҳо омадани ӯро интизорам. Хоҳиш мекунам, агар вақтатон бошад, ба идора биёед.
    -Ҳисоб намоед, ки гардани шайтонро шикастам.
  • Ман интизорам, - гўён муфаттиши прократура гӯшакро ба ҷояш гузошт.
    “Нодир Замон чипта харидорӣ намудаву ба фурудгоҳ ҳозир нашудааст,” - зери лаб такрор намудам ман. Пас ў куҷост?
    Тайи ҳамин як дақиқа ҳазорон фикру андеша дар монитори хотирам пайдо шуд, ки аксари онҳо аз нигоҳи банда характери манфӣ доштанд. Ба таври дигар гўем, ба фурудгоҳ ҳозир нашудани мусофир Нодир Замон гумонҳои ботилро дар тахайюлоти банда рўи саҳна овард.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан