Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 304 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 304 аз 527 · 2 ноябри 2026

росташро чун рўйпӯши он истифода бурда пурсид: - Ба натиҷаи бозӣ розӣ шуда метавонед?

  • Марҳамат, дастатонро кушоед.
  • Беҳтар мешуд, ки мегуфтед, ки “орёл” ё “решка”?
  • Аз боло – “орёл”
  • Боз нашавад, ки...
  • Бозӣ бозӣ аст.
    Чун Наврўз Умар дасти росташро бардошт, банда шикасти хешро ҳис намудам.
  • Аз шарт ҷои гурез нест, - гуфт Наврўз Умар ва таксиеро боздошта ба самти ғарб ба ёрии Ҷомии Шариф рафт, ман боз муддате омадани автобусро мунтазир шудам…
    Бо гирифтани нусхаи формаи 1-и Нодир Замон ман ба идора омадам. Рафту талаби расмии қонун намебуд, барои ба мадди назари Шаҳлои Носир ҳам гузоштани он ҳам зарурияте надошт. Ҳамаи инро сабаб он буд, ки ҳатто аз рўи расм ҳам Нодир Замон ба манғитиҳо монандие надошт…
    Аз чӣ бошад, ки баҳсҳои ду - се соат пештар бо Наврўз Умар доштаам, чун магас бандаро боз дунболгир шуданд. Не, акнун ман нисбат ба сардори бахш ғуборе дар дил надоштам, вале бояд зиндагиномаи хешро бо ҳама буду набудаш ба мизони ақл мегузоштам. Ман, ки имрўз Наврўз Умарро ба шӯҳратпарастӣ айбдор карданӣ шудам, мебоист сари ин масъала ҳам майна об намоям.
    “Чун банда дар нисбати шумо мақоми баландтаре дорам.” Маҳз бо ҳамин суханон Наврўз Умар ғазаби маро дучанд намуда буду ўро шўҳратпараст хондам. Имрўз Наврўз Умар тавре сухан гуфт, ки гўё бори аввал маро дида буд ва ё банда дар баланд будани мақомаш боре ҳам шубҳа намуда будам.
    Аблаҳӣ аз ин беш шуданаш ҳам ба гумон.
    Тайи солҳои бо ҳам кор кардан ман боре ҳам ҳаракати ба мақоми баландтаре ё гирифтани унвонеро ҳам накардам, чунки принсипи ман ҳамин аст ва он дар хунам аз падар ба мерос монда. Ба хотири мансабу унвон шуда ман ҳаргиз сиёҳро сафед нагуфтаам. Ман нағз медонам, ки онҳое ки соҳиби мансабу унвон мешаванд, чӣ нағмаю усулеро ба кор намебаранд, вале бало ба пасашон. Худо худ шоҳид, ки ман вазифаи хизматиамро сидқан аз рўи қудрату тавон ва донишу маҳорати касбӣ бечунучаро иҷро намудаам, ҳамин кифоя…
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан