Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 303 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 303 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Магар шоҳ ҳам бахшиш мепурсад?
  • Ман ҳамин хел шӯхӣ намудам, бехабар аз он ки шумо чунин шӯхиҳоро хуш надоред. Хуш бигў, акнун ба кадом тараф равем?
  • Мо имрўз бо он нафаре, ки Воҳид Камол сояашро аз девор тарошид, вохўрда наметавонем.
  • Чаро?
  • Якум, ин ки вай имрўз аз «Математикаи олӣ» имтиҳон дорад, дуюм, ў бояд чун тарҳсоз дар ба намоиш гузоштани либосҳои такпӯши занона, ки фирмаи шотландии “Виле КЭТ”36 пешкаш карданист, ширкат варзад. Бояд гуфт, ки ў дирўз дар кастинг иштирок намуда, ҳуқуқи дар намоиш ширкат намуданро пайдо кардааст ва ба гумон аст, ки барои кадом як расме ў бахти хешро пеши по занад…
  • Пас чӣ бояд кард?
  • Дирўз Ҷомии Шарифро барои дарёфти формаи 1 – и Нодир Замон ба ШКД-1 ноҳияи Сино фиристодам, вале бе натиҷа, имрўз бошад, барои гирифтани як варақа рафтани ду нафар чандон хуб нест. Беҳтараш нафаре аз мо бо лейтенанти милиса Ҷомии Шариф ҳамроҳ шавем ва дар ҷустуҷӯи он домоди ноком саҳм гузорем.
  • Қабул, вале як шарт дорам.
  • Чӣ илоҷ, бандаро чун мансабдори зинаи поён ба ҷуз шунидани он чорае нест.
  • Ана ҳамин тангаро боло мепартоем, “орёл” ба ёрии Ҷомӣ мешитобад, “решка” барои овардани формаи 1 меравад.
  • Зид нестам.
  • Марҳамат, ана танга, метавонед бахтатонро санҷед, - гуфт Наврўз Умар ва тангаро ба дасти ман доданӣ шуд.
  • Чун ин бозӣ бозёфти тафаккури шумост, беҳтар мебуд, ки …
  • Шуморо фаҳмидам, - гўён Наврўз Умар он тангаро болои ангушти дуюми дасти росташ гузошта, бо ангушти калониаш чун болға ба вай зарба зад ва танга дар масофаи ним метрии парвозаш чун акробатҳо тоб хўрда, ба поён омад ва сардори бахш онро бо як чолокие бо дасти чапаш дошта, дасти

36 «Виле КЭТ» – губаи ваҳшӣ.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан