- Аминам, ки дар ҳолати шикасти амалиёт ҳам шумо амри додаатонро инкор нахоҳед кард.
- Метавонед осуда бошед.
- Чӣ илоҷ, бандаро ба ҷуз иҷрои амри шумо чорае нест, - гуфта ман ба тарафи дар ҳаракат намудам.
- Шояд ҳардуямон якҷоя равем? - овоз баланд кард Наврўз Умар.
- Чӣ лозим худро ташвиш доданатон, модоме ки шумо “Шеф” ҳастед.
-“Подшоҳе, ки зи мулки хеш намегирад хабар, Мурдаи шере бувад афтода дур аз бешае,” гуфт Наврўз Умар ва аз ҷой бархест. - Подшоҳ, яъне ин шумо?
- Акбар Ҳакимович, шеф ҳам дар мақоми хеш подшоҳ аст, вале афсўс, шумо инро намедонед.
- Дер ҳам бошад, фаҳмидем, - гуфтам ман аз дар баромада истода…
Мо ҳар ду то истгоҳ хомўш сари андешаҳои хеш қадам задем. Ҳеҷ боварӣ надоштам, ки Наврўз Умар вақтҳои охир ба бемории шӯҳратпарастӣ гирифтор шудааст. Ҳарчанд ў ба ҷуз сардор буданаш дӯсти ман буд, вале бо суханҳои бетаҳаммулонаи хеш бандаро аз хеш дур кард. - Хуш, ба кадом тараф меравем? - ниҳоят хомўширо шикаста пурсид сардори бахш.
-Намедонам. - Аз ман ранҷидаед?
- Чӣ ҷои ранҷиш?
- Набошад, чаро ба даҳон об гирифтаед?
- Сухани бисёр ба хар бор.
- Шуморо нафаҳмида истодам?
- Фарбеҳиро танҳо гўсфанд мебардорад.
- Бандаро ба шўҳратпарастӣ гумонбар шудаед.
- Гумонбар не, балки айбдор мешуморам.
- Сипосгузорам.
- Намеарзад.
- Маро бубахш.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




