- Махсуми Амириён ном полковник замоне сарварии ҳамин шуъбаро ба душ дошт. Амириён инсонест, ки ба номаш метавон савганд хӯрд. Ҳар вақте ки гузаронидани амалиёти муштараке ба миён меомад, ў таъкид мекард, ки яке аз сабабҳои шикастхӯрии Германияи гитлерӣ ин ноиттифоқии мақомотҳои қудратиаш буд.
- Ин ҷо ман ягон ноиттифоқиеро надида истодаам. Чун Шаҳлои Носир бозёфти прокуратура аст, бигузор худаш нӯги он гиреҳро кушояд.
- Мо наметавонем муфаттиши прокуратураро ба бало монем.
- Чӣ хел бало? Рафту ҳақ ба ҷониби Воҳид Камол набошад?
- Рафту суханони мўйсафед ҷон дошта бошад - чӣ?
- Дар ҳарду ҳолат ҳам мо чизеро бой намедиҳем.
- Ин танҳо дар ҳолате мешавад, ки суханони мўйсафед тасдиқ шаванд, вале дар акси ҳол мо худро аз муваффақиятҳои ба даст овардаи тафтишот канор нахоҳем гирифт ва албатта, бо овози баланд ҷеғ хоҳем зад, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти якҷоя бо прокуратура ба чунин муваффақият ноил гаштаем.
- Пешниҳоди шумо чист?
- Мо бояд акси Нодир Замонро ба таври расмӣ ба мадди назари Шаҳло гузорем.
- Аз дасти ин тарҳсозҳо ҳар кор меояд.
- Барои чунин хулосабарорӣ моро далеле дар даст нест.
Умуман, мо дар айни вақт ҳуқуқи чунин андешарониро ҳам надорем. - Пас чаро дар ин бора бо Воҳид Камол баҳс накардед?
- Чунки бар муқобили гуфтаҳои он кас мо далеле дар даст надоштем, ман ҳеҷ нафаҳмида истодам, ки чаро шумо, рафиқ полковник, суханони Воҳид Камолро ин қадар ба дил наздик қабул намудед.
- Худам ҳам ҳеҷ нафаҳмидам, ки чаро чунин шуд.
- Чӣ хеле ки шеф гуфт, “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад.” Хуб мешуд, ки аз пайи ҳамин кор мешудем.
- Чун банда дар нисбати шумо мақоми баландтаре дорам ва дар ҳолати лағжиш аз зинаҳо зарбаи сахттаре манро интизор аст, аз мансаби хеш сӯистеъмол намуда, амр медиҳам, ки ҳамаи ҳамин корҳоро ба зиммаи худ гиред.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




