- Ин гуноҳи ман аст, ки ба лейтенанти милиса дуруст нафаҳмондам, ки кадом категорияҳоро ба рӯйхат дохил намояд.
- Айб дар рўйхат нест ва Ҷомии Шариф вазифаи хизматиашро аз таҳти дил иҷро намудааст. Ҳофиз гуфта ман дигар чизро дар назар доштам, яъне ҳофизи асилро, ҳофизе, ки миллат ба номаш ифтихор намояд.
- Фаҳмо.
- Рўйхатро ба муфаттиши прокуратура диҳед, то ў низ кам
- кам майна об намояду шоҳиди худрӯй наҷўяд.
- Хуб шудааст, - гуфт Наврўз Умар ва рӯйхатро аз дасти сарвари ШКД пас гирифт.
- Аз пайи кор шавед!
Ману Наврўз Умар аз дар баромадем. - Ба ростӣ, домулло ақлашро хӯрдааст, - гуфт Наврўз Умар ва дар нисбати андешаҳои сардор дар атрофии Шаҳлои Носир изҳори нигаронӣ намуд.
- Кӣ медонад? - гуфтам ман дари қабулгоҳро кушода истода…
...17... - Ақли кас намегирад…
- Илм бе баҳс…
- Шуд, шуд, - сухани маро бурида гуфт Наврўз Умар.
- Хуш, акнун чӣ кор мекунем?
- Намедонам.
- Шояд ҳақ ба ҷониби мўйсафед бошад.
- Шумо гуфтед, ки Шаҳлои Носир бозёфти муфаттиши прокуратура аст.
- Инкор намекунам.
- Чӣ хеле мегўянд, “колаи бад ба соҳибаш насиб кунад.” Биё, пурсиши расмии Шаҳлои Носирро ба худи муфаттиш вогузорем, канӣ бинем чӣ мешавад?
- Ё кунда мекафад ё ҷувоз, дигар хел шуданаш ба гумон.
- Ин барои мо чандон муҳим нест.
- Чаро?
- Чунки он “гули худрўй” бозёфти прокуратура аст на аз мо.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




