Оё шумо боре сари ин масъала андеша намудед?
- То кунун не, - иқрор шудем мо.
- Хуб мешуд, ки сари ҳамин масъала андеша мекардед.
- Суханони шуморо ба инобат мегирем, рафиқ полковник,
- сарвари ШКД-ро ором намуда гуфт Наврўз Умар.
-Акбар Ҳакимович, шумо гуфтед, ки Ҳуснорои Раҳматулло нозири минтақавиро бовар кунонидааст, ки гуфтугўи телефонии Парисо ва муштарии номаълумро дар бораи ба ҷар паронидани на як, балки даҳ шайхро худаш шунидааст ва сипас ба мусоҳибаш, ки дар бораи он муштарие, ки номаш Шамсия будааст, пурсон шуда посух гирифтааст, ки “Шамсияро худат мешиносӣ.” Маҳз ҳамин як сухан боиси як шаби дароз майна об кардани бонуи ороишгар гардида. Агар аз нигоҳи мантиқ ба андешарониҳои духтаре, ки зебоипараст аст, баҳо диҳем бе муболиға ба ў аҳсант мебояд гуфт… Гумон мекунам, ки агар суханони Ҳусноро тасдиқ шаванд, мо қадами аввалинро дар ин самт хоҳем ниҳод. Мушкил ҳамин қадами аввалин аст, қадамҳои минбаъда бошад, боз осонтар ба мо даст хоҳанд дод. - Умеди мо ҳам ҳамин аст, - лукма партофт Наврўз Умар.
- Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад ва беҳтар мебуд, ки ба ҷои нишастану орзу намудан кор мекардед.
- Мо ҳам, рафиқ полковник, дастҳоро болои ҳам монда истироҳат накарда истодаем.
- Ба ҳар ҳол натиҷаи коратон бандаро қаноатманд накарда истодааст. Дирўз бегоҳӣ маро ба раёсати шаҳрӣ даъват намуданд. Сардори раёсат ба сарам чормағз шикаст, ё ман ки сардор ҳастам, гунаҳкор шудам.
- Не, албатта.
- Пас бикӯшед, ки на худ ва на маро шарманда насозед.
Хуш, канӣ рӯйхати он ҳофизону раққосаҳои тӯйгард?
Наврўз Умар рӯйхати пешниҳоднамудаи Ҷомии Шарифро ба дасти Воҳид Камол дод ва дуюмӣ боз чашмонашро муҷаҳҳаз намуда, ба қироати варақаҳои дар дасташ буда пардохта гуфт:
-Рафту ҳамин чилу ду нафар ҳама ҳофиз мешуданд…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




