Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 298 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 298 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Ҳарчи ҳам набошад, ин ҳанўз асос барои маҳдуд намудани доираи ҷустуҷўиҳои мо намешавад.
  • Мефаҳмем, иқрор шуда гуфт Наврўз Умар.
  • Наврўз Умарович, агар дар ёдатон бошад ман ҳатто ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса аз Ҷонибеки Неъмат хоҳиш намудам, ки заррачаҳои хурдтарини зери нохунҳои мақтулро баҳри муқоиса бигирад.
  • Дар ёдам ҳаст, вале ташхис дар ин самт натиҷае надод.
  • Саволе ба миён меояд, ки чаро?
  • Чунки Парисои Ҳотам хатареро ҳис накардааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мақтул бо оне ки қасди ҷонаш намудааст, шиноси дерина будааст.
  • Ба таври дигар гўем, зарба он қадар ногаҳонӣ будааст, ки ў ҳатто имконияти муқобилият намуданро ҳам наёфтааст, вагарна нохунҳои мақтул аз нохунҳои гурба камӣ надоштанд.
  • Ҳамин хел, - сухани сарвари ШКД- ро тақвият дода гуфт Наврўз Умар.
  • Шумо бошед, бандаро бовар мекунонед, ки Парисо барин духтаре, ки чун моҳ зебо буд, бо чунин як фарди муғулшакле дасто ба даст гирифта боло мерафт.
  • Охир ин сухани мо не, балки нишондоди шоҳид аст, - эътироз намудам ман.
    Ман ҳайронам, ки ҳамин шоҳиди гуфтаатон тайи ду шабонарўзи аввал дар куҷо буд? Охир ў дар дигар ҷо не, балки дар ҳамон бино зиндагӣ мекард ва ман итминони комил дорам, ки ў сари субҳи рўзи якшанбе чун ҳама мардуми он маҳал аз ҳодисаи ба сари Парисо омада огоҳ гашта. Пас чаро ў қарзи шаҳрвандии хешро ба ёд наовард? Чаро...?
  • Чаро ба даҳон об гирифтед?
  • Ба ростӣ, мо шуморо нафаҳмида истодаем.
    -Рафту агар Шаҳлои Носир дар дигар гӯшаи шаҳр зиндагӣ мекард, ман ба суханони вай бовар мекардам, вале ҳоло боварӣ надорам, ки ў бо амри дил ба мо ёрӣ додан хоҳад. Ба замми ин шумо гуфтед, ки ин шоҳиди “мўътабар”-ро дирўз муфаттиши прокуратура ёфтааст. Дурусттараш аз забони модари ин шоҳиди “худрўй” фаҳмидааст, ки соати 2058 дақиқаи шаби шанбе дар байни ошёнаҳои нуҳуму ҳаштум духтараш Парисоро ҳамроҳи ҳамин ҷавони тангчашм дидааст.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан