- Бубахшед, ки вақти шуморо гирифтам, - гуфт меҳмон борониашро аз либосовезаки пушти дар гирифта истода.
Воҳид Камол боз панҷ – шаш дақиқаи дигарро сарфи гусели меҳмони олиқадр намуда, баргашта, моро ба дафтари кориаш таклиф намуд. - Вай лейтенант канӣ? - баробари паси мизи кориаш нишастан пурсид сарвари ШКД.
- Ўро ман аз пайи кори муҳиме фиристодам, - чун шахси аз рўи мансаб дар зинаи боло буда гуфт Наврўз Умар.
- Он чӣ коре будааст?
- Рухсат диҳед ман…
- Шумо?
- Ҳа, чунки лейтенанти милисаро дар асоси дархости банда ба он ҷо фиристоданд.
- Ман ҳеҷ нафаҳмида истодаам, ки нозири минтақавиро кадоме аз шумо ба он кори муҳим фиристодааст.
Ман овоз рӯшан намуда, фиристодани Ҷомии Шарифро ба души хеш гирифтанӣ шудам. - Аслан ўро ман фиристодам, вале дар асоси дархости майори милиса Абдумаҷидов.
- Инашро ман фаҳмидам ва акнун донистан мехоҳам, ки кадоме аз шумо аз иҷрои корҳои якрўзаи вай ба ман ҳисобот медиҳед?
- Ман.
- Ман, - сухани бандаро бурида гуфт Наврўз Умар.
-Акбар Ҳакимович сухан ба шумо.
Тайи панҷ-шаш дақиқа ман ба таври мухтасар аз натиҷаи дастовардҳои тайи бистучаҳор соати охир гузориш додам. - Фотороботи аз суханони Шаҳлои Носир тарҳезшудаатон канӣ?
Ман аз ҷузвдони қоғазии дар дастам буда нусхае аз он расмро бароварда ба дасти Воҳид Камол додам.
Сарвари ШКД айнакашро аз гўшаи миз гирифта ба чашм гузошт ва ба расми дар дасташ буда нигариста гуфт: - Тарҳи рўяш муғулнажод ку. - Пеш аз рўи монитор овардани расм худи Шаҳлои Носир иқрор шуд, ки шахси дидааш ба мағнитиҳо монанд гуфтам ман.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




