Сардори бахши кофтукови ҷиноӣ баъди каме сукут ба тарафи нозири минтақавӣ рў оварда гуфт:
- Рўйхати тартибдодаатро ба ман деҳ ва аз пай супориши Акбар Ҳакимович шав.
- Итоат, рафиқ подполковник, - гўён Ҷомӣ чун афсарони воҳидҳои махсуси гвардияи миллӣ, ки дар маросимҳои қабул ва гусели меҳмонҳои хориҷӣ қадам мезананд, қадамзанон аз қабулгоҳ берун шуд.
- Лейтенант ҳам чандон маҷлису маҷлисбозиро хуш надорад, - баробари дарро аз самти дигар пӯшидани Ҷоми гуфт Наврўз Умар.
- Аслан ин маҷлису маҷлисбозиро ҳамин табақаҳои боло фикр карда баромаданд.
- Ба кадом хотир?
- Ба хотири он ки бубинед, мо лаҳзае бе фикру андешаи кор нестем, вале шумо танбалхӯҷаҳо асло ин дарди моро нафаҳмидед, ки нафаҳмидед.
- Ҳамааш як чашмбандӣ гўед.
- Дигар чӣ ҳам мегуфтам.
- Ба андешаҳои шумо розӣ шуда наметавонам, - эътироз намуд сардори бахш.
- Далел?
- Шумо худ нағз медонед, ки ҳатто гузаштагони мо дар ин бора андешаҳои мусбӣ доштанд.
- Дар бораи маҷлисбозӣ.
- Не, дар бораи сиёсат.
- Суханони Саъдии бузургро дар назар доред?
-Намедонам сухан аз кист, вале матлаб чунин аст: “Илм бе баҳс, мол бе тиҷорат ва давлат бе сиёсат арзи ҳастӣ карда наметавонанд.” - Ин хел бошад, мо чаро истодаем?
Умуман, ҳоҷат ба посух гуфтани Наврўз Умар ҳам намонд, чунки дар кушода шуду марди тахминан чилупанҷ - панҷоҳсолае, ки нишони “Маҷлиси олии ҶТ” гиребони костюмашро зеб медод, пеш-пеш ва аз қафояш худи Воҳид Камол берун омаданд. Ману Наврўз Умар, ки то ҳамин лаҳза дар курсиҳои мулоим такя намуда, байни ҳамдигар сангаре бардоштанӣ будем, беихтиёр аз ҷои бархестем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




