Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 295 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 295 аз 527 · 2 ноябри 2026

Чун Сафар ҳам дар Молдова ин касбро аз устодаш Раҳими Сафар аз худ намуда будааст ва дар донистани ин алфавит ба пиндори кунунии банда мутахассиси варзида буд, ҳамеша бо ман бо забони худам, дурусттараш бо алфавити Морзе сухан мегуфт. Худи ҳозир ҳам ў аз пушти дар тариқи ҳамин алфавит бандаро хушдор сохт, ки ба назди шефи калон дароям.
Гумон намуда будам, ки Воҳид Камол суханони дирўз гуфтаашро ба гӯшаи фаромӯшӣ додааст, вале Сафар бо алфавити дўстдоштааш бандаро ҳушдор сохт, ки фикрҳои ботилро дар атрофи сарвари милиса аз сар дур намоям.
Дар қабулгоҳ ба ҷуз Наврўз Умар нозири минтақавии Ҷомии Шарифро ҳам дидам.

  • Чӣ шумо нарафтед? - ба тарафи лейтенанти милиса нигариста пурсидам ман.
    -Акбар Ҳакимович, шумо асабӣ нашавед, аслан ман худам садди роҳи лейтенант гаштам, - ба ҷои Ҷомӣ ба суолам посух гуфт Наврўз Умар.
  • Чаро?
    -Чунки дирўз қарибиҳои шом шефро ба раёсати шаҳрӣ хонда, ба фикрам сарашро хеле “сила” намуданд. Гумон мекунам, ки ў имрўз моро аз ҳаллоҷӣ хоҳад гузаронд. Ба ҳамин хотир гуфтам бигузор лейтенант бубинад, ки ҳар қадар шахс дар зинаи мансаб боло барояд, ҳангоми афтидан ҳамон қадар зарбаи бештарро қабул карданаш лозим.
  • Дар зинаи миёнаи мансаб бошӣ чӣ? - пурсидам ман.
  • Дар зинаи миёна ҳам зарба хӯрдан мумкин, вале аз рўи қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ он зарба нисбат ба он ки аз зинаҳои боло меафтед чандон дилхарош нест. Аслан зинаи миёна зинаест, ки дар он чи хуштолеъон ва чи бетолеъон рўзу соати парвоз ё лағжиши хешро интизор мешаванд.
  • Чӣ хел парвоз?
  • Ман лаҳзаи ҷаҳиш ва лағжиш гуфтанӣ будам.
  • То ҷое, ки банда фаҳмидам, аз вохўрии дар пеш истода ягон “хатаре” ба нозири минтақавӣ таҳдид намекунад. Пас чӣ лозим, ки мо дар пеши чашми эшон (Ҷомии Шариф) сурху сафед шавем?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан