-Қариб ҳеҷ чиз. Ба андешаи Ҳусноро Шамсия ин ҳамон арӯси ноком аст ва ӯ чӣ тавр аз наздик бо Парисо шинос шудааст, барояш чун муаммо боқӣ монда.
-Рӯз, моҳ ва соли тӯйро муайян намудед?
-Ду сол қабл дар фасли хазонрез.
-Боз чӣ?
-Ҳусноро гуфт, ки дар рӯ ба рӯйи ҳавлии тӯйдор трансформатор меистод.
-Агар он трансформаторро аз ҷояш нагирифта бошанд, кори моро хеле осон мекунад.
-Умед бар он мебандем, ки анҷоми кор нек мешавад.
-Нияти нек ними давлат аст.
-Хуш, акнун банда ба ҳузури эшон (Воҳид Камол) равам ва ё ба ҷустуҷӯи он домоди ноком?
-Рӯйхатро ба дасти Наврӯз Умар деҳ ва худ аз пайи домод шав.
-Итоат, рафиқ майор, - гӯён Ҷомӣ аз дар баромад “Лозим шавад ман як не, балки даҳ шайхро ба ҷар мепаронам” ба ёд овардам ман суханони Ҳуснороро, ки аз забони Парисо дар дискоклуби “Вастан” шунида будааст.
-Чаро шайхро?
-Шайх дар забони арабӣ марди пирро гӯянд, ба ҷуз ин шайхро чун пешвои рӯҳони ҳам ном мебаранд. Модоме ки чунин аст, пас Парисоро, ки нияти ба Дубай рафтан дошт, бо марди пире ё пешвои дин чӣ иртиботе буда?
...
Ҳарчанд сари ин масъала майна об кардам, ба хулосае омада натавонистам.
Тафсири ин ҷумларо ба гумон буд, ки касе беҳтар аз Шамсия донад ва банда худро бо он тасалло додам, ки Ҷомии Шариф аз ду сар он арӯси нокомро меёбад ва мо ба суолҳои хеш посух мегирем Касе ба дар оҳиста ангушт зад, ангуште, ки алфавити хешро дорад ва дар забони алоқачиён онро “алфавити Морзе” ном мебаранд. Чун банда худ замоне дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ алоқачӣ будам ва боре ин асрори ниҳонро ба ёрдамчии навбатдор сержанти милиса Сафари Сафар кушода, мавриди санҷишҳои беохири Сафари Сафар қарор гирифтам.





