Ҳамаи инро сабаб он будааст, ки ӯ тариқи Ҳуснорои Раҳматулло муайян намудааст, ки шаби дар дискотекаи “Вастан” будан кадом як Шамсия ном зане тариқи телефони мобилӣ бо Парисо алоқа барқарор намудааст. Ҳарчанд Ҳусноро суханони Шамсияро дуруст нашунидааст, вале як сухани Парисо ӯро мушавваш сохтааст.
-Лозим шавад, ман як не, балки даҳ шайхро ба ҷар мепаронам. Вақте ки Ҳусноро дар ин бора аз Парисо пурсон шудааст, ӯ гуфтааст, ки ту ҳам вайро мешиноси.
Ба саволи Ҳусноро, ки шайх гуфта киро дар назар дорад, Парисо гуфтааст онҳоеро, ки дар асл чунин мартаба доранд.
Ба саволи лейтенанти милиса Ҷомии Шариф, ки чаро бону Ҳусноро ҳамин суханонро рӯзи гузашта ҳангоми вохӯрӣ бо майори милиса Абдумаҷидов нагуфтааст, шоҳид посух дода, ки чун вохӯрӣ сарироҳӣ буд, банда ҳама фикру хаёламро ба як нуқта гирд оварда натавонистам. Ба замми ин ӯ дишаб мижа таҳ накарда, ба ёд оварданӣ шудааст, ки Парисо он шаб кадом Шамсияро дар назар дошт, ки ба ҳардуяшон шинос будааст. Дар интиҳо қарибиҳои субҳ ин кор ба ӯ даст додааст.
Ҳусноро ба ёд овардааст, ки ҳангоме ки ӯ ва Парисо дар тӯйе бо рақс базмро тафсон мекарданд, моҳеро, ки паҳлуи шоҳ нишаста буд, Шамсия ном буд. Бо гузашти чанд вақт Парисо ба вай рози дил намуда, ки ситораи моҳи зебо бо домоде, ки дар тӯйяш обу арақ рехтем, рост наомадааст ва шоҳ баъди се моҳи хонадорӣ кафшҳои моҳро пеши пояш гузоштааст. Ҳамаи инро сабаб чӣ будааст, барои Ҳусноро чун муаммо боқӣ монда, вале аз нигоҳи мантиқ ба хулосае омадан душвор нест, ки миёни домоду арӯси нозанин, ки дар ҳусну латофат норасоие надошт, гурбаи сиёҳе гузашта. Ба андешаи Ҳусноро он маҳфил дар маҳалаи Ҷӯйбодом ё Афғоно гузашта.
-Акнун моро лозим меояд, ки сараввал ҳамон домоди нокомро ҷӯем.
-Роҳи дигареро намебинам.
-Ҳусноро дар бораи он арӯси ноком чӣ медонад?





