- “Ҳамааш ба модарҷонам вобаста,”- гуфтани Шаҳлоро ба ёд оварда, ба хулосае омадам, ки модар дар тарбияи ў хуни дил хӯрда. Ман афсўс хӯрдам, ки Шаҳлоро ба муши бур, дурусттараш ба муши дар об афтида, муши тар нисбат додам, бехабар аз он ки ботини духтар чун расмҳои ў зебост.
Ҳанўз Суҳроби Шорамазон омодаи кор нашуда, Шаҳло ҳам омад. Ман бисёр мехостам, ки ба таври расмӣ баҳри сабукии кор расми Нодир Замонро ба мадди назари Шаҳло гузорам. Ба ин хотир ҳатто ба дафтари кори муфаттиши милиса Сайфуллои Хайрулло даромада, протоколи шиносоӣ аз рўи расмҳоро гирифтам, вале … Кори хона ба бозор рост намеояд гуфтагӣ барин шуд. Ҷомии Шариф занг зада хабар дод, ки ҳамаи ҳайати шахсии бахшҳои шиносномадиҳии ШКД ноҳияҳои тобеи шаҳрро ба семинар-машварат, ки дар бинои ОВИР баргузор мегардад, даъват намуданд ва то фардо кореро ба сомон расонидан душвор.
Чун мусоҳиби мо нишонаи асосии шахси ҳамроҳи Парисо баромада истодаро гуфт, Суҳроби Шорамазон дар асоси он амал намуда, пеш аз ҳама симои нафарони муғулшаклро рўи монитор овард ва баъди як соати ҷустуҷўиҳо Шаҳло ўро аз ҷустуҷўиҳои минбаъда боздошт… - Бо боварӣ гуфта метавонед, ки шахси дидаатон ба ҳамин нафаре, ки ҳоло расмашро дар монитор мебинед, монанд аст?
- пурсидам ман.
- Албатта, сад фоиз кафолат дода наметавонам, вале гумон мекунам, ки аз ин монандтарашро ҳам дуруст кардан ғайри имкон аст, - гуфт Шаҳло…
- Рафту агар боз лозим шуда монед, мо маҷбурем, ки шуморо ҷеғ занем.
- Зарур бошад раво бошад, - гуфт Шаҳлои Носир ва аз ҷой бархест…
...16...
Дастовардҳои Ҷомии Шариф назар ба банда тайи бистучор соати охир назаррастар буданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




