- Қариб ҳеҷ чиз. Мо, ки қариб яксину сол будем фақат салому алейк мекардем.
- Ягон маротиба дар манзили вай будед?
- Не.
- Ў дар манзили шумо буд?
- Не. Мо гоҳ-гоҳ дар лифт якҷоя боло мебаромадем. Бар замми ин, баъзан бегоҳиҳо дар берун ҳамдигарро медидем.
Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки худи ман бе кор набудам.
Ба ҷуз он ки дар агентӣ оид ба реклама кор мекунам, боз дар факултаи иқтисодӣ таҳсил менамоям. Умуман, ба сархорӣ вақтам намерасад. - Оё дар ин маҳалла Парисоро дугонаи наздике буд?
-Намедонам.
-Аслан мо ба ёрии шумо эҳтиёҷ дорем. - Он чӣ ки медонистам, ман аллакай гуфтам…
- Мо мехоҳем аз рўйи нишондоди шумо фотороботи вайро тартиб диҳем.
- Аз рўйи нишондод, магар чунин ҳам шуданаш мумкин аст?
- Ҳамааш ба шумо вобаста.
- Фардо мо аз математикаи олӣ имтиҳон дорем, баъди нисфирўзӣ бошад, ба офис рафтанам лозим. Имрўз кастинг буд ва фардо ман бояд либосҳои як фирмаи барўмандро ба мадди назари харидорон гузорам. Не, фардо ман як дақиқа вақти холӣ надорам.
- Имрўз чӣ?
- Имрўз то андозае бекорам, магар дер нашудааст?
- Ҳоло соат 1420 дақиқа. Хоҳиш мекунам ним соат пас ба милисаи ноҳияи Гулистон биёед. Гумон мекунам тайи як – якуним соат мо метавонем дар асоси нишондоди шумо….
- Ҳамааш ба он вобаста, ки нигоҳи модарҷонам ба ин амал чӣ гуна аст? - ба тарафи модараш нигариста гуфт Шаҳло.
- Зид нестам, - гуфт модари Шаҳло ва ман аз ҷой бархестам…
Баробари аз лифт берун омадан фикре ба сарам омад ва лаҳзае пас ба ҷуз Суҳроби Шорамазон боз ба лейтенанти милиса Ҷомии Шариф ҳам занг зада, хоҳиш намудам, ки ба шуъбаи шиносномадиҳии ноҳияи Сино-1 равад ва нусхаи формаи 1-и шаҳрванд Нодир Замон, соли таваллудаш 1982–ро гирифта, ҳарчӣ тезтар ба дафтари кори ташхисгар – криминалист баргардад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




