Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 290 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 290 аз 527 · 2 ноябри 2026

Таваҷҷуҳи бандаро ҳамроҳи Парисо аз он рў бедор намуд, ки ман ўро чанд бори дигаре ҳамроҳи дигар кас дида будам.
Ҳарчанд, ин амали Парисо ба ман маъқул нашуд, вале дар он лаҳза ман фурсати бо вай панҷу чор кардан ҳам надоштам. Дар дилам қарор додам, ки рўзе бо ў вохӯрда, андешаи хешро дар ин бора бигўям, вале афсўс ки ҳама он хаёлҳои ман хом баромаданд.

  • Шумо нағз дар ёд доред, ки палтои ҷавон кутоҳ буд?
  • Албатта.
  • Палторо чӣ ранге буд?
  • Ранги сиёҳ. Кулоҳ ё худ телпакаш низ ҳамранги палто буд.
    -Чӣ тавр абрўвони он нафаре, ки ҳамроҳи Парисо ба боло мебаромад, дар ёдатон монд?
  • Чун ҳамон шаб рўз лифт кор намекард, қариб дар майдончаи ҳамаи ошёнаҳо чароғҳо кор мекарданд. Ба замми ин, ман, ки аз боло ба поён ҳаракат мекардам, нисбати шахсони ба боло ҳаракаткунанда имтиёзи бештари назоратро доштам. Чун нафаре, ки ҳамроҳи Парисо ба боло мебаромад, дар бораи банда маълумоте надошт, баробари аз боло фаромаданам лаҳзае ҳам нигоҳашро ба сўи ман дўхт. Ҳамин як нигоҳ кофӣ буд, ки ман симои вайро дар хотир гирам.
  • Шумо метавонед дар тасвири он симо ба тафтишот ёрӣ диҳед?
  • Чун дар сараш кулоҳ буд, дар бораи мўйҳояш чизе гуфта наметавонам, аслан рўяш ба манғитиҳо монанд буд. Ягона нишонае, ки таваҷчуҳи бандаро бедор кард, ҳамон абрўвонаш буд.
  • Рўяш ба манғитиҳо монанд гуфта, чиро дар назар доред?
  • Чашмони танг ва бинии пучуқашро.
  • Онҳо аз ҳамдигар ҷудо-ҷудо ҳаракат мекарданд.
  • Дасти рости ў дар ҷайбаш буд ва дасти чапи Парисо дар зери бағали вай.
  • Дар нигоҳи Парисо ягон нохушиеро ҳис накардед?
  • Не.
  • Дар бораи Парисо боз чӣ гуфта метавонед?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан