Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 289 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 289 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Шаҳлоҷон, ин туӣ? - овоз рӯшан кард модар.
  • Ҳа, ман очаҷон.
  • Ба меҳмонхона биё.
  • Хуб шудааст.
    Баъди панҷ дақиқаи интизорӣ духтаре, ки расмаш муқоваи маҷаллаи рангаи бонувонро зеб медод, салом дода, вориди меҳмонхона шуд. Қариб, ки ба чашмони хеш бовар накардам.
    Духтаре, ки соате пеш расмашро дар прокуратура дидаам, ҳамин нафари вориди меҳмонхона шуда буд. Аҷибаш ин буд, ки ў ба чашми банда чун муши бур, муши аз об берун омада, муши тар барин намуд, вале дар расм…
    Дар расм ў фаришта буд Чӣ дунёе?
  • Шаҳлоҷон, меҳмон аз милиса, - гуфт модар.
  • Хуш омадед, акаҷон, хуш омадед, - гуфт Шаҳло ва ман ба хулосае омадам, ки модар дар тарбияи ў заҳмати зиёде кашида.
  • Шаҳлоҷон, ба фикрам, амаки милисаат дар бораи Парисо пурсидан мехоҳад.
  • Ба гумон аст, ман аз он суханоне, ки ба шумо модарҷон гуфтам, иловае дошта бошам.
  • Ман ба ҷуз он донистан мехоҳам, ки рафту шумо ҳамон нафарро бубинед, мешиноседаш?
  • Албатта.
  • Ўро ягон маротибаи дигар дидаед.
  • Не.
  • Аз рўи кадом нишонаҳояш ў дар лавҳи хотири шумо монда?
  • Абрўвони ў ниҳоят ғафсу пайваста буданд. Чунин нафарон ангуштшуморанд, шояд аз ҳазор не, дурусттараш аз даҳ ҳазор як нафар.
  • Шумо ўро кай дидед?
  • Соати 2055 дақиқа дугонаам Мавҷигул аз хонаи рў ба рў телефон намуда гуфт:
    -“Математикаи олӣ”-ро, ки рўзе пеш аз вай гирифта будам, баргардонам. То ман аз модарам рухсат гирифта баромадам, ки боз ду - се дақиқа гузашт. Он шаб лифт кор намекард ва ман аз зинаҳо ба поён давидам. Дар байни ошёнаи нуҳум ва ҳаштум Парисоро дидам, ки ҳамроҳи ҷавони тахминан бисту се - биступанҷсолае, ки дар тан палтои кутоҳ ва дар сар телпаки ҳамранги палтояш дошт, боло мебаромад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан