Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 288 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 288 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ман пойафзол ва борониамро кашида, аз қафои соҳибхона ба меҳмонхона рафтам.

  • Дирўз ҳам аз прокуратура ба суроғи Шаҳло омада буданд, - дар ҳоле ки ман ҳанўз ба курсӣ нанишаста будам, ҳушдорам сохта гуфт соҳибхона.
  • Рафту агар ин субҳ Шаҳло ба прокуратура мерафт, бандаро ҳоҷати ба ин ҷо омадан набуд.
  • Марҳамат, гузашта шинед, - курсии мулоимеро нишон дода гуфт соҳибхона ва боз илова намуд, ки ҳамин лаҳзаҳо бояд Шаҳло ҳам расида ояд.
  • Ташаккур, - гуфта ман ба курсии чармини мулоим нишастам.
    -Ҳоло ман як чой биёрам.
  • Лозим нест.
    Соҳибхона каме ором шуда, дар муқобили ман ба курсӣ нишаста ҳамоно риштаи суханро ба даст гирифта гуфт:
  • Албатта, Шаҳло ба прокуратура ҳам мерафтанд, вале аз он чи ки банда аз дидагиҳояш ба муфаттиш гуфтам, ба гумон аст чизе илова карда тавонад. Барои ҳамин ин субҳ ман худам ба рафтани ў монеъ шудам. Ё магар хато кардам?
    Чун ман намехостам, ки аз лаҳзаи аввали суҳбат муносибатамро бо соҳибхона сард намоям, гуфтам:
  • Ин ҷо ягон хатое ҳам нашудааст, вале бояд нишондоди Шаҳлоро дар шакли расмӣ мегирифтанд. Барои ин лозим аст, ки Шаҳло ба протоколи пурсиши шоҳид имзо гузорад.
  • Магар бо чунин як нишондоди ночизе қотилро ёфтан мумкин аст?
  • Дар мадди аввал ҳамин хел менамояд, ки он нишондод ночиз аст, дар асл бошад...
  • Ҳеҷ чизро намефаҳмам.
    -Тафтишот қонуну қоидаҳои худро дорад.
    Занги дар садо дод ва соҳибхона овоз рӯшан кард: - Сороҷон, бубин, кӣ бошад?
    Муддате дар фазои хона хомўшӣ танинандоз гашт.
  • Дар хона меҳмон ба суроғи ту омадааст, - шунидем мо овози Сороро.
  • Ба суроғи ман?
  • Ҳа, ба суроғи ту.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан