Дар лаҳзаҳое, ки лифт манро ба боло мебурд, ба хулосае омадам, ки ҳодисаи ба сари Парисои Ҳотам омада ҳайати шаҳрдориро низ бартараф нагузоштааст.
Дарро ба рўям духтараки даҳ-дувоздаҳсолае кушода пурсид:
- Ба шумо кӣ даркор?
- Шаҳло.
- Он кас дар хона нест.
- Соро, бо кӣ суҳбат доред? - овоз дод касе аз дохили хона.
-Модарҷон, ин амакам Шаҳлоро мепурсад.
-Шаҳло дар хона нест, - боз овоз рӯшан намуд соҳибхона ва он духтарча хост, ки дарро ба рўи ман бандад, вале ман поямро ба байни дар гузошта, ба он мусоҳиби шаттоҳам фаҳмондам:
-Ба модарат бигў, ки амак аз милиса омадааст. - Шумо аз милиса не.
- Бовар намекунед?
- Не.
- Магар дар мактаб ба шумо нафаҳмондаанд, ки бо калонсолон баҳс кардан аз рўи одоб нест.
- Ҳоло гуфтед, ки милисаед ва боз андешаҳоятонро дигар намудед.
- Соро, дарро пӯшу ба хона даро.
- Очаҷон, ин амакам аз милиса.
- Аз милиса?
- Ҳа, аз милисаам мегӯяд, ва боз гуфт, ки бо калонсолон баҳс намудан аз рўи одоб нест, ҳеҷ намефаҳмам.
- Гуфтам, ку Шаҳло нест, - баробари пушти дар омадан маро дубора ҳушдор сохта гуфт соҳибхона.
Ман шаҳодатномаи хизматиамро ба дасти соҳибхона додам, то аққалан аз аспи ҷаҳл фарояд. Ў гоҳ ба ману гоҳ ба расми шаҳодатномаи дар дасташ буда нигариста, ниҳоят дарро дурусттар кушода гуфт: - Дар даҳлез суҳбат намудан хуб нест, марҳамат ба хона гузаред.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




