- Чун пора?
- Агар ҳамин як маҷалларо пора гуфтан мумкин бошад.
- Яъне, гуфтаниед, ки аз тамошои ин маҷалла барои шумо манфиате нест.
- Нест ва инро шумо аз ман дида беҳтар медонед.
- Ба гумон аст, ки банда қонунро аз шумо беҳтар донам.
- Акбар Ҳакимович, нигоҳи шуморо ба қонун ва қонуният донистан мехостам.
- Аз нигоҳи илмӣ?
- Не, аз нигоҳи зеҳнӣ.
- Қонун аслан чун юғ ё тавқи бандагӣ дар гардани ҳар яки мост. Новобаста аз ҳама шикастанафсию итоаткории мо ҳамеша фишори онро ҳис мекунем ва рафту саркашу қайсар шавем, он фишор дучанд мешавад. Аз ҳама фишору вазнинии он ба души онҳоест, ки дар хизмати қонун синаи хеш сипар намуда…
- Браво.
- Шояд банда аз пайи кор шавам.
- Гумон доред, ки тарҳсоз ба мо ёрӣ хоҳад дод.
- Агар ў симои он мардро ба ёд дошта бошад.
- Тарҳсозон аслан зебопарастанд ва рафту агар он мард…
- Агар он мард ба худи Шаҳлобону писанд омада бошад, ҳамин хел?
Садқаи инсони ақли фаҳм шавам. - Умед ба анҷоми неки ин суҳбат мебандем.
- Рафту агар ягон нишонае аз ҳодисаи оншаба дарёфтед, ҳатман занг занед.
- Кўшиш мекунам, - гуфта ман аз ҷой бархостам.
- Ошёнаи нуҳум, хонаи 71, - суроғаи Шаҳлоро дуюмбора ба забон овард Саодати Назар.
- Фаҳмидам.
Сари роҳ ба ошхонаи хӯрокҳои миллӣ даромада, тановули нисфирўзӣ намудам ва сипас ба автобус нишаста, роҳи кӯчаи Зарнисорро пеш гирифтам…
...15...
Андешаҳои банда, ки ҳанўз дар роҳ нақшаи чӣ тавр ба ошёнаи нуҳум пиёда аз зинаҳо ба боло ҳаракат намуданро кашида будам, бо боди мухталифе омехта шуд, чунки баробари вориди бино шудан чашмам ба онҳое бархўрд, ки тариқи лифт ба поён омаданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




