- Расо соати 2058 дақиқа сокини ҳамон бино, хонаи 71, Шаҳлои Носир аз хонааш баромада истода, Парисоро ҳамроҳи марде дидааст, ки ба боло мебаромаданд. Ҳарчанд, Шаҳло бо Парисо муносибати дўстона ҳам надошта бошад, вале ў чун сокини як бино бо Парисо аз наздик шинос будааст…
Ў чикора аст? - Аз рӯйи гуфти модараш тарҳсози либосҳои занона.
- Шумо ўро надидед?
- Не.
- Чаро?
- Ўро баҳри ороиши намунаи либосҳои тагпӯши занона ба кадом як кастинге (озмуне) даъват намудаанд, вале модараш бандаро бовар кунонид, ки ҳамин суханро аз забони духтараш шунидааст. Ҳа, воқеъан ана дар ҳамин маҷалла акси ўро дида метавонед, - гўён Саодати Назар аз зери коғазҳои дар гӯшаи рости мизаш гузошташуда як маҷаллаи рангаеро бардошта ба дасти ман дод.
- Он кас дар кадом саҳифа?
- Дар муқова.
Ман маҷалларо болои миз гузоштам. Духтари бист-бисту ду- солае боронии кабудчатоби тирамоҳиеро ба мадди назари мардум гузошта буд. Ба ҷуз худи боронӣ табассуми зебои духтар ба дили ҳар тамошобин пайкон мезад. Дандонҳои сафеди ў ба ҳусни худодаш ҳусни нав зам мекард. Шояд ҳамаи инро сабаб ба бар намудани ҳамин боронии зебо буд. Ба таври дигар гўем, бо дидани ин расм ҳар зан кӯшиши харидани чунин борониро мекард. Дар зери расм омада буд “Боронии тирамоҳӣ ба ҳусни шумо ҳусни нав зам мекунад.” - Хуш чӣ хел?
- Аз куҷо фаҳмидед, ки ин расми Шаҳлои Носир аст?
- Ман соате бо модари Шаҳло суҳбат доштам ва аз дидани баъзе расмҳои вай ҳатто худам ҳам шарм доштам.
- Аз чӣ?
- Гўё намедонед, вале ҳама он расмҳо ба андешаи модараш тасвиркунандаи зебоӣ буданд. Сипас модари Шаҳло ҳамин як маҷалларо барои хотира аз муваффақиятхои духтараш чун барги сабзе барои банда ба ёдгор дод.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




