Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 284 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 284 аз 527 · 2 ноябри 2026

Ҳоҷӣ чандсола будааст?

  • Бисту шашсола.
  • Дар чунин синну сол пешравиаш назаррас аст, боз чӣ лозим, ки ў ба ҷинояте даст занад.
    Рафоатбону гуфт, ки шиори Ҳоҷӣ Нодир чунин аст “ба таври замона бисоз, ки ҳаррўза балост.”
  • Рафоатбону ин ҳамон фӯрушандаи дўкони Ҳоҷӣ Нодир ё дигар кас?
  • Ҳамон кас.
  • Гуфтед, ки дар лаҳзаи охир аз гуфташ пушаймон шуд.
  • Ба фикрам ҳамин хел буд.
  • Он бонуи ороишгарро баъди ин напурсидед?
  • Не.
  • Чаро?
  • Ба он ҷо лейтенанти милиса Ҷомии Шарифро фиристода будам ва ҳама гуна амали минбаъдаи банда метавонад нобовариро нисбат ба нозири минтақавӣ ба вуҷуд орад.
  • Ба фурўдгоҳ ҳам нарафтед?
  • Барои муайян намудани хатсайре, ки ба воситаи он Ҳоҷӣ Нодир ба Дубай парвоз намудааст?
  • Бале.
  • Оё беҳтар нест, ки прокуратура аз ширкати “Сомон Эйр” ҷавоби расмӣ талаб намояд.
  • Пешниҳоди шуморо, рафиқ, майор пазируфтам.
  • Сипосгузорам.
  • Аз прокуратура боз чӣ дархосте доред?
  • Ман мехоҳам бону Рафоат ва ҳам Ҳуснорои Раҳматуллоро ба таври расмӣ ба ин ҷо даъват намуда суҳбат намоед.
  • Гумон доред, баъди пурсиши шумо прокуратура ба дастоварде ноил мешавад?
  • Бояд расман изҳор намоям, ки банда ба онҳо танҳо суҳбат намудаам. Доираи хабарҳои доштаи онҳо бошад, пурсиши расмиро талаб мекунад.
  • Қабул.
  • Миннатпазирам.
  • Ҳа, дарвоқеъ, як хабари нав.
    -Чӣ будааст?
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан