Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 283 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 283 аз 527 · 2 ноябри 2026

сурат, албатта мо боз бо Рафоатбону сари суҳбати навбатӣ қарор мегирифтем ва ў баъди ба таври расмӣ барои надодан ё додани нишондоди бардурўғ огоҳ шуданаш асрори хеши сарватмандашро ба як дона ҷав мефурӯхт, вале … То он вақт бандаро сабр мебоист.
Ман хостам ба идора баргардам, вале ҳамоно хатои хешро фаҳмидам, чунки Воҳид Камол сухани хешро ҳаргиз ба бод намедод. Бо дасти холӣ ба назди вай рафтан ин баробари ба пойи хеш теша задан буд.
Ман ба таксие нишаста, баъди биступанҷ дақиқа дар пеши бинои прокуратура фаромадам…
...14...

  • Хайрият, хайрият меомадед, ин ҳама хасу хорро аз роҳатон кӣ гирифт?- баробари дидани банда пурсид, Саодати Назар.
  • Шамол, - гуфтам ман ва ба курсӣ нишастам.
  • Шамол дар ҳамин ҳавои софу беғубор?
  • Аз хотир набароред, ки ҳоло зимистон аст.
  • Зимистони имсоларо ҳеҷ фаҳмида нашуд. Агар ҳамин хел давом кардан гирад, ҳафтае пас бодомҳо гул мекунанд.
  • Зимистон аслан бо барф ва сармояш зебост, вале имсол ҳамааш баръакс шуд.
    -Як чой монам?
  • Не, ташаккур.
  • Хуш, корҳо чӣ хел?
    Ман муфаттишро ба рафти корҳои ҷустуҷўӣ, ки тайи ду шабонарўзи охир ба даст оварда будем, шинос намудам.
  • Шумо гумон доред, ки Ҳоҷӣ Нодир ба ин кор даст дорад?
  • Ҳоло чизе гуфта наметавонам, вале ман боварии кулл дорам, ки онҳо на як бору ду бор як чорроҳаро убур намудаанд.
  • Ҳоҷӣ Нодиру Парисо?
  • Бале.
  • Чӣ лозим мардеро, ки ба тиҷорат машғул аст ва ба фикрам зиндагии шоҳона ҳам дорад, бо кадом як раққосае сару кор доштан.
  • Аслан маркази тиҷорати Ҳоҷӣ Нодир ин Дубай аст. Маҳз ҳамин ҳолат манро ором намегузорад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан