- Гўш кун, ака, мо ҳарчанд камбағал ҳам бошем, вале то ҳанўз ба ҷое нарасидаем, ки сухани хешро ба пул фурўшем.
- Бубахшед, - гўён ман пули болои пештахтаро пас гирифтам.
-Бубахшед, будааст. Оё андеша накардед, ки бо ин амалатон кордро дар синаи банда халондед? Аслан шумо сарватмандонро танҳо як ченак аст, ин ҳам бошад – пул. Гумон доред, ки бо пул ҳама корро кардан мумкин, хато мекунед.
Хуш, аз ман чӣ мехостед? - Ман донистан мехостам, ки чӣ тавр Парисо ба ин ҷо ба кор омад.
- Инашро ман намедонам.
- Хуш монед, - гуфта ба сўи дарвоза ҳаракат намудам.
Аз он чи ки суҳбати банда бо Рафоат (фӯрушанда) дар нимароҳ монд, боиси таассуф ҳам набуд. Муҳим он буд, ки ман аз ин суҳбати кӯтоҳ ё худ муколаммаи нотамом нуреро дар уфуқ дидам…
Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки Рафоат дар лаҳзаи охир нисбати тақдири хеши сарватмандаш, ки худ аз ў шикоят намуда буд, андеша кард. Ба ҳар ҳол агар ў андеша намуда бошад, ин амалро бо хеле дермонӣ иҷро кард. Зиҳи инсоне, ки чашми бандаро дар нисбати он, ки баҳраш ҷой кор ёфтааст, рушан намуд.
Бо азобе ман аз байни анбўҳи одмон гузашта, аз дарвоза баромадам ва ба қавле нафаси озод кашидам. Дар озоди мавҷи хаёлот қобилияти бештари парвоз доштааст…
Ҳарчанд суҳбати ману Рафоатро дар пояи суҳбати устод Расул Ғамзатову он пиразани дуогўи35 гузоштан хатост, вале банда низ аз ҳамин як суҳбати кӯтоҳ баҳри хеш як ҷаҳон маънӣ бардоштам.
То ҳанӯз барои хулосаи аниқ баровардани вақт буд ва банда боварӣ доштам, ки лейтенанти милиса Ҷомии Шариф дар рўйхатӣ ҳофизоне, ки ҳамроҳи Парисо дар тўйҳо ҳунарнамоӣ намудааст, номи Ҳоҷӣ Нодирро ҳам хоҳад овард.
Агар номи Ҳоҷӣ Нодир дар он рўйхат сабт мешуд, худ ҷавобе ба саволи охирини банда бо Рафоат мешуд. Дар он
35 Нигар ба китоби Р. Ғамзатов «Доғистони ман»

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




