- Пас офарини мо намегўед, ки тамоми рўз дар зери ҳамин савту навои ноҷур кор мекунем.
- Аҳсант ба шумо.
- Ҳоҷӣ Нодир ба Дубай рафтанд.
- Кай?
- Дирўз.
- Шумо ба ў хешу ақрабоед?
- Бо Парисо?
- Не, бо Ҳоҷӣ Нодир.
- Чун санги соҳилу оби рӯд.
- Яъне, хешу табор ҳам бошед, муносибати наздик надоред.
-Ҳамин хел аст, акнун ҷамъият ба табақаҳо ҷудо шуда истодааст. Хеши ту он касе аст, ки дар баробари худат сарват дорад. Чунин нафарон аз хешони хунии хеш, ки камбағаланд, шарм медоранд, - оҳ кашида гуфт мусоҳиба банда. - Ў пештар чикора буд?
- Парисо?
- Не Ҳоҷӣ Нодир.
- Ҳофизи тўйгард.
- Пас чӣ тавр соҳибкор шуд?
- Ў марди бо замона ҳамқадам аст, шиораш ҳам аҷиб.
- Он чӣ шиоре будааст?
- Бо замона бисоз, ки ҳаррўза балост.
- Оё гуфта метавонед, Парисоро, кӣ ба кор тавсия намуд?
- Мехоҳед ба ҳама саволҳоятон ҳамин ҷо ҷавоб гиред.
- Агар шумо зид набошед.
- Росташро гўям, шумо ба кори ман халал расонида истодаед, оё намешавад, ки маро ба ҳоли хеш гузоред.
Ҳарчанд ман ҳамеша зидди харидани ҳамагуна хабар ҳастам, вале чун қонун дар баъзе ҳолатҳо ба чунин амал рухсат медиҳад, аз рўи вазъи ба амал омада амал намуда, аз ҷайбам як бистсомонаро бароварда болои пештахтаи дўкон гузоштам. - Ин чӣ?
- Ҳаққи хизмататон.
-Чӣ хел хизмат? - Он чи ки банда вақти қимати шуморо гирифтам. Акнун мехоҳам ҳамин вақти шуморо ҷуброн намоям.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




