Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 280 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 280 аз 527 · 2 ноябри 2026

Баробари пой ба остонаи бозор гузоштан ба рағми Ҳотам Ёқуб ман ба тарафи чап тоб хўрдам ва ба дўкондори аввалин расми Парисоро нишон дода, дар бораи вай пурсон шудам.

  • Ман ҳамагӣ моҳест, ки ин ҷо кор мекунам, - гуфт дўкондор, ки зани тахминан сӣ – сиюпанҷсола буд.
    Назди дўкони дуюм ҳам тағофул намуда, ҳамон амаламро такрор намудам.
  • Намешиносам, - гуфт фурўшанда.
    Танҳо дўкондори сенздаҳум ба он расм таваҷҷуҳ намуда, пурсид, ки ба ин кас чӣ шудааст.
    -Чун арзи бандаро шунид, “салавот бар Муҳаммад” гӯён даст ба рўй кашида гуфт: - Инсони бад набуд.
  • Ў дар ҳамин дўкон кор мекард?
  • Бале, - гуфт фурўшанда, ки шояд ду умри Парисоро ёд дошт.
  • Ин дўкони шумост?
  • Аз куҷо?
  • Пас соҳиби дўкон кист?
  • Магар ин ба марги Парисо ягон пайвастагие дорад?
  • Хоҳиш мекунам, шумо бандаро маҷбур насозед, ки коратонро шикаст дода, ба таври расмӣ ба милиса даъвататон намоям.
  • Рафту ман мегуфтам, ки умуман Парисоро намешиносам, пас чӣ кор мекардед?
  • Шояд боз нафаре ёфт мешуд, нишондод диҳад, ки Парисо дар ҳамин дўкон ҳамроҳи шумо кор мекард. Дар он сурат банда дуюмбора бо шумо дар чунин вазъ ба гумон буд, ки суҳбат намоям.
  • Чаро?
  • Чунки умри ҳама гуна дурўғ кӯтоҳ аст.
  • Соҳиби дўкон Ҳоҷӣ Нодир аст.
  • Ўро аз кучо ёбам?
  • Аз Дубай.
  • Чӣ?
  • Нашунидед магар, ё гӯшатон вазнин аст?
  • Шояд ҳамаи инро сабаб ҳамин овози баланди фитаҳо бошад.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан