- Не. Акнун худам ҳам ҳайрон мондаам, шояд ҳамин нияти ў ба касе маъқул нашудаву қасд ба ҷонаш намуда. Андешаҳои шумо дар ин бора чӣ хел аст?
- То кунун мо ҳам дар ин самт дасткӯтоҳем, чун хабаре ба даст оварем, албатта, шуморо огоҳ месозем.
- Сипосгузорам.
- Мо донистан мехостем, ки Парисо дар кадом нуқтаи савдои “Корвон” кор мекард?
- Чӣ хеле ки гуфтам, аз Парисо дар ниҳоди ман танҳо доғ монд. Чун вай аз ман дурӣ меҷуст, намехостам аз ин муносибати сард дигарон огоҳ шаванд. Аз ҳамин хотир ман он қисми бозорро ҳаргиз мавриди таваҷҷуҳи хеш қарор надода будам, вале медонам, ки дўкони ў аз тарафи чапи даромадгоҳи сеюми бозори мазкур воқеъ гардида.
- Дар бозори яклухтфурўшон?
- Не, дар бозори аввала. Дар бозоре, ки дарвозаҳояш аз тарафи ғарб ҳастанд.
Чун ба саволҳои банда ҳамсари Ҳотам Ёқуб ҳам посухи дурусте гуфта натавонист, ман бо онҳо худоҳофизӣ намудам…
...13...
Ба дасти холӣ ба милиса баргаштан маъние надошт, аз ин рў ман роҳи бозори “Корвон”-ро ки дар паҳлуи чапи шоҳроҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа воқеъ аст, пеш гирифтам.
Ҳанўз соат даҳ нашуда, ман аллакай дар рў ба рўи дарвозаи сеюми бозори мазкур лаҳзае ҳам бошад таваққуф намудам, то самти ҳаракати минбаъдаи хешро дар ин махзани “шӯру ғавғо” муайян намоям.
Ба сарди ҳаво ва барвақтии рўз нигоҳ накарда, гўё замин кафидаву одам баромада буд. Яке “ароба омад, роҳ диҳед” мегуфту дигаре таърифу тавсифи моли хешро ба авҷи осмон баровардан мехост. Қисми пеши даромадгоҳи бозорро дўконҳои фитафурўшӣ ба иҷора гирифта буданд ва ҳар кадоме ба рағми дигаре овози ҳофизони писандидаашонро ба авҷи фалак барвардан мехост. Садои баланду гӯшкаркунандаи сурудҳои омехташудаи Шарқу Ғарб ба дуди ғализи печдарпечи дудбарои оташдонҳо афсонаҳои гузаштагонро ба хотир меовард...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




