Он зан яке аз дарҳоро кушода гуфт:
- Дадои Парисо, меҳмон...
Чун пой ба остонаи он ҳуҷра гузоштам, ба ҷуз худи соҳибхона, ки аллакай аз ҷояш хеста буд, боз чор нафари дигарро дидам. Онҳо ҳам аз рўи эҳтиром аз ҷой бархоста, бо ман салом намуданд ва боз ба ҷойҳои худ нишастанд. Яке аз онҳо оятеро аз Қуръони Маҷид бо овози баланд қироат намуда, дар ҳаққи гузаштагони он манзилу макон бахшида, омин гуфт ва мо низ омин гуфта, даст ба рўй кашидем. - Меҳмон майори милиса Акбар Ҳакимович Абдумаҷидов,
- бандаро муаррифӣ намуд соҳибхона.
- Худоё, ин чӣ замона шуд? - гуфт нафаре, ки оятеро аз каломи раббонӣ қироат намуда буд.
- Айби замона чӣ? Модоме ки фарзанд падарро фаҳмидан намехоҳад? – эътироз кард соҳибхона.
-“ Ин чӣ шўрест, ки дар даври Қамар мебинам,” - гуфт домулло. - Акбар Ҳакимович, оё ягон нишоне аз ҳодисаи ба сари Парисо омада ёфтед? - пурсид соҳибхона.
- Афсўс мехўрам, ки не.
- Ман ҳам ҳеҷ чизро намефаҳмам, - оҳи сарде аз дили пурдард баровард падари Парисо.
Фазои хонаро лаҳзае хомўшӣ гирифт. Маҳз ҳамин муҳит нафарони пеш аз ман ба он ҷо ташрифовардаро маҷбур сохт, ки бо соҳибхона худоҳофизӣ намоянд.
Баъди гусели меҳмонон Ҳотам Ёқуб худ риштаи суханро ба даст гирифта гуфт: - Шунидам, ки худораҳматии Парисо нияти ба мамолики Араб рафтан доштааст, вале ҳеҷ боварам намеояд.
- Инро аз забони кӣ шунидед?
- Дирўз баъди ҷаноза ҳамсарам гуфт.
- Шояд ў ҳам аз забони ягон кас шунидагист.
- Кадом як дугонаи Парисо гуфта будааст.
- Номашро нагуфт.
- Не номашро напурсидааст.
- Ҳеҷ напурсидааст, ки дар мамолики Араб ў чӣ гум намуда?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




