- Замонаро бад гуфтан хатост, мо худ гунаҳкорем.
- Баҳс намекунам.
- Ин хел бошад, аз пайи кор шудан лозим, ман хоҳиш мекунам, ки самти кори хешро худ интихоб намоед.
- Ин ҷо милиса аст, на колхоз, - эътироз намуд нозири минтақавӣ.
- Набошад худи ҳозир ба ороишгоҳи “Мижгон” рав. Дар он ҷо Ҳусноро ном духтараке кор мекунад. Аз ў мепурсӣ, ки Парисои Ҳотам бо кадом ҳофизон кор кардааст ва рўйхати ҳамаи “ансамбл”- ро барои эшон (Воҳид Камол) тайёр мекунед.
- Итоат, рафиқ майор!
Баъди рафтани нозири минтақавӣ ман боз муддате дар дафтари корӣ мондам, то самти “ҳуҷуми хешро” дар минтақаи сусттари фронт тарҳрезӣ намоям. Дар интиҳо ба хулосае омадам, ки баҳри ғалабаи комил ман бояд боз бо падари Парисо вохўрам. Аз рўи мақоли халқӣ “ҳафт бор чен куну як бор бибур” амал карда, номзади Ҳотам Ёқубро чанд бор байни дигар ҳарифон болои монитори хотирам ҷо ба ҷо намудам ва чун ҳар даъфа падари Парисо дар озмуни хотироти ман дастболо мешуд, ўро ғолиб интихоб намуда, аз ҷой бархестам.
Вақте аз бинои милиса берун шудам ақрабаки соати болои дари баромадгоҳ 0612 дақиқаро нишон медод...
...12...
Пушти дар лаҳзае таваққуф намуда сари андеша рафтам, ки оё месазад болои сӯхта боз намакоб пошам, вале боз ҳамон корди синаи Парисоро шикофта пеши назарам омаду даст ба тугмачаи пушти дар бурдам.
Лаҳзае пас зани тахминаи сӣ-сиюпанҷсолае, ки дар тан либоси сиёҳ дошт, дарро ба рўям кушода, ҳатто матлабамро нашунида гуфт. - Марҳамат, ба хона дароед.
- Ба ман акои Ҳотам лозим.
- Он кас дар хона, марҳамат дароед, - гуфт он зане, ки сар то по дар либоси азо буд.
Ман пой ба остона гузоштам ва пушти дар боз се-чор ҷуфт пойафзоли мардонаи андозаҳои гуногунро дидам. Ман низ кашфамро пушти дар гузошта, ҳамроҳи соҳибхона, ки акнун бандаро роҳбаладӣ кардан мехост, равон шудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




