- Онҳое, ки тани урёни хешро дар мадди назари фотообъектив мегузоранд, наход нафаҳманд, ки … - пурсид Ҷомии Шариф.
- Ҳоло ки ҳама ҷо компютеризатсия шудааст, ба як тани урён даҳ сарро ҷой кардан мумкин, вале ба гумон аст, ки харидор танҳо ба ҳаминаш қаноат намояд.
- Чӣ хел?
- Аҷаб нест, ки даллаҳо ё худ миёнаравон баҳри тезонидани бозори хеш сабтҳои видеоиро ҳам пешниҳод накунанд.
- Наход?
- Ман гумон намекунам, ки Парисо он қадар ҳунарманди машҳуре буда, ки бо рақси хеш дили мардеро аз мамолики Араб мусаххар карда бошад, вале агар ҳама ҳаракатҳои ў дар шакли урён сурат гирифта бошад, пас он рақс писанди ашхосе шуданаш мумкин.
- Рақси урён, бовар намекунам.
- Ихтиёрат.
- О наход мусулмон шуда бар хилофи гуфтаҳои каломи рабонӣ…
- Сад афсўс, ки чунин ҳодисаҳоро вохўрдан мумкин.
- Пас нафаре, ки ҷисми латифу нозуки хешро дар шакли урён ба мадди назари аҷнабие мегузорад, бо ному насаби хеш ба он ҷо меравад?
- Намедонам.
- Ин ҳеҷ мумкин нест.
- Чаро?
- Ман ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки духтари мусулмон…
Моем дар ин гунбади фирўзарухом, На кофири мутлақ, на мусулмони тамом. - Шуд, шуд рафиқ майор, - эътироз намуд Ҷомии Шариф.
- Худаш чӣ гап?
- Модом, ки Хайёми бузург аз кирдорҳои замонаш шиква намудааст, дигар чӣ ҷойи гап?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




