-Дар кадом як рўзномае хонда будам, пеш аз оне ки духтаронро ба хориҷи кишвар баранд, сараввал чанд расми онҳоро дар ҳолати урёну нимурён ба он ҷо мефиристоданд.
- Дар ҳолатӣ урён?
- Ҳа, дар ҳолати урёну нимурён ва чун ҷисми зебои он париваши дар сар ҳавои пули муфт дар Марғелон писандида шавад, сипас баҳри вай даъватномаи расмӣ меояд.
- Инро дар куҷое хондед ё худи ҳозир фикр карда баромадед? - пурсид Воҳид Камол.
-Хондаам, вале кай ва дар кадом рўзнома дар ёдам нест. - Шумо худатон, рафиқ подполковник, аз пайи ҳамин кор шавед. Рафту дар рўзномаҳо он хабарро наёфтед ба суди шаҳрӣ ва судҳои тобеи марказ равед ва дар ин ҷода мавод гирд оваред, шояд аз ҳамин самт мо то ба қотил расем, - гуфт Воҳид Камол.
- Акбар Ҳакимович, шумо ҳамроҳи рафиқ лейтинант то субҳи фардо рўйхати ҳамаи ҳофизонеро, ки Парисо ҳамроҳашон кор намудааст ва боз нишондоди онҳоеро, ки марҳум тариқи онҳо ба бозори “Корвон” роҳ ёфта будааст, бе ягон паёму каломе ана болои ҳамин мизи корӣ мегузоред.
-Кӯшиш мекунем, - гуфтам ман.
-Ин ҳанўз ҷавоб нест. - Ман мефаҳмам, вале шумо ҳам бояд моро фаҳмед.
- Дарвозиро фаҳмиданаш душвор, ё гапам нодуруст? - ба тарафи Наврўз Умар нигариста пурсид сардори ШКД.
- Акбар Ҳакимович ваъда доданро дўст намедорад, - гуфт сардори бахш.
-Аз пайи кор шавед!
...11...
Муаммои марги Парисо моро аз як гирдобе бардошта ба дигараш мезад. Новобаста аз он ки ҳамагон баҳри аз ин варта берун омадан дастак мезадем, вале ҷаҳду талоши мо нисбат ба он туғёни бузурге, ки сўямон меомад, нокифоя буд.
Ҳамаи инро шояд сабаб он буд, ки Наврўз Умар моро ҳушдор сохт. Ҳарчанд банда дар ин бора маълумоти аниқе надоштам, вале ба суханони сардори бахш бовар намудам.
Пеш аз оне, ки туро ба хориҷи кишвар даъват намоянд, аввал бояд бифаҳманд, ки туро чӣ қиматест. Модоме ки ба мадди назари харидор аксҳои урёну нимурён гузошта мешавад, пас таги коса бояд нимкосае бошад, вагарна чӣ ҳоҷатест ба чунин пинҳонкориҳо…

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




