Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 274 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 274 аз 527 · 2 ноябри 2026
  • Хуб шудааст.
  • То андозае андешаҳои Акбар Ҳакимович ба мантиқ наздиктаранд. Шумо хуб медонед, ки тайи солҳои охир ба роҳи фиреб чӣ қадар духтарони зебои моро ба хориҷи кишвар бурданд. Чӣ хеле ки аз парвандаҳои ба суд ирсолшуда бармеояд, аксари занону духтарони моро ба кори сазоворе ба хориҷи кишвар даъват намуда, сипас ба фоҳишахонаҳо фурӯхтанд…
  • Ман ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки чӣ тавр Парисо ба чунин доми фиреб афтодааст? - гуфт Навўз Умар.
  • Тавре сухан меронед, ки гўё нав аз сайёраи дигар омада бошед, - шӯрида гуфт Воҳид Камол.
  • Беҳуда, рафиқ полковник, аз суханони банда хафа шудед.
    О, ҳамарўза тариқи ВАО ва дигар расонаҳо сари ҳамин масъалаҳо хабарҳо интишор мешавад, наход ба сухани ҳар як фиребгар бовар намуда ҳаёти хешро ба хатар монӣ?
  • Тариқи ВАО мегўед?
  • Ҳа тариқи ВАО.
  • Шумо гумон доред, ки Парисои Ҳотам рўзнома ҳам мехонд.
  • Магар бе ин мешавад.
  • О шумо худ шоҳид будед, ки дар ҳуҷраи ў мо на танҳо китоб, балки як рўзнома ва ё маҷаллаеро наёфтем.
  • Ба ҳар ҳол.
  • Агар ў рўзномахон мебуд, ҳаргиз ба дискотека намерафт, ин як. Дуюм, онҳое, ки чунин духтаронро барои кор ба хориҷи кишвар ҷалб мекунанд, маҳорати махсус доранд.
  • Гумон намекунам, ки онҳо духтаронро барои кор ба меҳмонхонаи “ал-Араб”1 даъват намуда бошанд.
  • Чаро не?
  • Чӣ хел соддаанд баъзе духтарон.
  • Онҳо гумон доранд, ки “чун ба Марғелон равӣ, нон худаш ғелон-ғелон ба наздат меояд.”
  • Як ҳодиса ба ёдам омад, агар зид набошед нақл кунам, - гуфт Наврўз Умар .
  • Аз суханони шумо ҳаргиз ғуборе дар дили мо нест.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан